Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ХУНЁГАРИ ИШҚ

Ў пас аз машқи зиёде хеле хаста шуд ва дар дилаш холигии ғализу ғамангезеро эҳсос мекард. Вақте ки аз кору бори якрўзааш қонеъ намегашт, ба вай ҳамин ҳолати ғамовар рух медод. Имрўз ҳам, дар дилаш чизе намеғунҷад. Чӣ кор карданашро намедонист. Дар хона касе нест, ҳама паи кори худ… Ба кўча барояд? Кўча серодам. Ў намехоҳад, ки мардуми зиёде ба ў нигоҳ кунанд. Одат накардааст. Охир, ҳама ўро мешиносанд, вале ў не…
Бар замми он осмон гирифта, ҳаво намнок. Аз берун бўи борон меояд. Борон… Одам дар чунин рўзҳо худро хаставу фишурда ҳис мекунад ва дилашро як ҳисси вазнини пурандўҳ фаро мегирад. О, агар барф меборид. Барфи лак-лакӣ! Барф борад, шаб бошаду чароғони шаҳр гирон. Вале афсўс, ҳанўз рўзи боронӣ нисф нашудааст. Рўзи борони дарозу дилгир…
Ў бо ҳамин андеша аз дари баромадгоҳи театер, ки ин дам паси шишаи он ба кўча менигарист, берўн шуд.
Ғубори осмони абролуду гирифта, ғубори намноки рўзи боронӣ ба рўяш зад. Лаҳзае чашмонашро, ба мисли ҳамешагӣ, ки рўзҳои барфборӣ хў гирифта буд, пўшида сарашро боло бардошт ва сипас ба роҳ даромад. Роҳе, ки ин дам намедонист ўро ба куҷо мебарад. Роҳе, ки беш аз як саргардонӣ нест.
Инро худаш нағз медонист. Шояд бо худ танҳо будан мехост. Шояд дар танҳоӣ осуда шудан мехост.
Ў аз хастагии мехнату ранҷ, ки тамоми вуҷудашро пур кардааст, хастагие, ки беш аз як холигии ғашовар чизи дигаре нест, осудагӣ меҷуст. Ин ҳолате буд, ки кас наметавонад ба гузаштаҳои ширину гуворо ва лабрези шодмониҳо баргардад.

пешина
аз 341
навбатӣ