Сояҳои шикаста

Албатта ў беақл ва паст нест. Ў медонад, падар ба дасти писар ва ё баракс писар ба дасти падар кушта хоҳад шуд. Ин худ қасос гиритфан аст. Рафтони хиёнаткоронаи Ковус ба Эрону эрониён дар иҷрои Турахон Аҳмадхонов ба тазри психологӣ хеле хуб адо шудааст.
Нақшҳои Сафина (Н. Шоҳмансурова), Парвин (Н. Маҳмадҷонова) ва Тўс (Намоз Ойматов) низ ба тамошобинон писанд омадааст.
Мусиқӣ, декоратсия, либос ранг ва рўшноӣ дар спетакл равиши воқеҳоро муайян намуда таъсири эмосионалии асарро пурзўр мегардонад. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ симфонияи мукаммалу мураккаби спетаклро ба вуҷуд овардааст, ки метавон онро муваффақияти гурўҳи эҷодии театр пеш аз ҳама таҳиягар Ҳабибулло Абдураззоқов шуморид. Бе шак ин спетакл дар вақти гастроли театр мақбули тамошобинони Ленинградӣ хоҳад шуд.
М. Бобоев
28 сентябр соли 1978 (Маориф ва Маданият)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё