Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ў барои расидан ба мақсадаш беамон мубориза мебарад. Ў барои расидан ба мақсади ҷоҳталабонааш тамоми унсурҳои ба ростӣ вобастаро нобуд мекунад. Жандро аз роҳаш дур месозад. Масхарабозро мекўшад ва Сўҳробро ба ҷанги падар меангезад, то ки ҳокими мутлақи Тўрон гардад. Барои ин ният ҳатто худи Афросиёбро ба кор меандозад. Афросиёби Ҳабибулло Абрураззоқов – бехирад, бадандеш, бетадбир, ҷоҳил, мутеъ ва бозиччаи дасти Бормон аст. Тамоми кори ў ба далолати Бормон саранҷом мегирад ў аз макру тадбирҳои Бормон бехабар аст.
Душманиҳои ўро ба ҷои дўстӣ мепазидар. Дўсту рафиқи ботадбир ва содиқаш – Жандро аз дарбор дур месозад. Шикасту нобарориҳои ҳешро аз яздон медонад, ки аз бадиҳо. Образи Афросиёб аз бисёр ҷиҳатҳо нақши Бормонро пурра мекунад.
Нақши Жанд дар иҷрои Бахталӣ Сабзалиев таҷассуми ақлу хирад, сипосгузорӣ, накўкорӣ, рафтори сулҳу амонӣ, озодӣ ва адолат мебошад. Вай Сўҳробро низ дар ҳамин рўҳия тарбия мекунад. Марги ў оғози фоҷеаҳои азим мегардад.
Нақши Ковус, ки образи онро Турахон Аҳмадхонов офаридааст, нисбат ба образи Афросиёб фарқ мекунад. Ковус як марди ҷоҳилу тарсуст. Ба Рустам дашном фиристоданаш аз рўи оҷизӣ ва тарс доштанаш дар назди Афросиёб аст. Дами ҳозир шудани Рустам, аввал ба ў хашм меорад, ба ў ҳамчун раият муносибат мекунад. Вале барабас тез аз қавлаш мегардад ба назди раияташ зону ба тазарруъ мезанад. Шоҳи каён ин пастиро ба худ раво мебинад. Ў муваққатан барои он ки тоҷи каёнӣ аз даст наравад созиш мекунад, тайёр аст, пои Рустамро бўса занд.

пешина
аз 341
навбатӣ