Сояҳои шикаста

Ишқи ўро рад мекунад. Бо вуҷуди ин ҳама боз ў шод аст, ки ба худ хиёнат кардаасту вале онро ба халқу ватанаш раво надидааст.
Нақши масқарабоз дар иҷрои Носир Ҳасанов бисёр ҷолиби диққат аст. Ҳасанов дар нақши худ на масхарабози хушбахту хушвақт, балки як марди оқилу фозил, хирадманду доно, вале асиру беқадр, мутеу маҳзунро офаридааст. Ин образ ягона нишонаи ақлу хирад дар сарзамини тираву тор аст. Носир Ҳасанов бо офаридани ин образ гуфтан мехоҳад, ки дар он ҷое ки бадӣ ҳоким аст, ақлу хирад қадр надорад ва ҳамеша сабаби бадбахтии инсон мегардад.
Аз ин рў хандаи ў на барои дилхушӣ, балки гиряи талхи инсони бадбахт аст. Лухтаки ў на барои дилхушии Афросиёбу мояи бозии бонуи Тўрон аст. Не, ин лухтак худ Афросиёб аст, ки дар зери дасти Бормон, бозингар мешавад. Масхарабоз ҳамин чизро ба Афросиёб гуфтани мехоҳад, вале ақли тираи ў дарки ин маънӣ оҷиз аст. Масхарабоз ҳамаи ниҳоятҳои Бормонро огоҳ аст. Ва медонад, ки мақсади ў инсониятро аз роҳи рост, аз кори ҳақ гардондан аст. Ў нағз тасаввур мекунад, ки «Ба гетӣ касеро намонад вафо, равону забонҳо шавад пурҷафо…» Ба назари ў зиндагӣ дар чунин шароит саҳни азими масхарабозист…
Дар офаридани образи Бормон Маҳмуд Тоҳирӣ бисёр муваффақ гаштааст. Аз ҳама муҳим ин аст, ки ў мақсади худро ба мисли масхарабоз нек фаҳмидааст. Аз ин рў иҷроиши образи Бормон хело табиӣ ва ҳақиқӣ баромадааст. Бормони Маҳмуд Тоҳирӣ сарчашми ҳамагуна бадиҳо, Аҳримани рўи замин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё