Сояҳои шикаста

Сўҳроб ба разми Рустам дили бедилон мебарояд ва дар ҳар набард бо ў сухан аз паймони сулҳу дўстӣ мекунад. Ў дар симои ин марди бадхашм падаршро ҳис мекунад, меҳри фарзандии ў нисбат ба ин марди ҷангҷў меҷунбад. Рустам, ки будаи худро аз ў пинҳон мекунад. Вале ба яқин ба назари Сўҳроб ин мард Рустам аст. Сўҳроб дар вазъияти мушкили рўҳӣ меафтад. Ў нағз мефаҳмад, ки агар ў Рустам бошад, аз ин худкушии онҳо Ковусу Афросиёб шод мегарданд, зеро аз нияти Сўҳроб огоҳанд, ки «ба гетӣ намонад яке тоҷвар». Вале Рустам чизе намефаҳмад ва марги Фарзандашро аз яздон медонад, ки аз Ковусу Афросиёб, Сўҳроб дами марг низ сухан аз сулҳу амонӣ мекунад ва маргаш боиси қатъӣ гаштани душмани ду кишвар мешавад. Метавон ин образро дар қатори беҳтарин нақшҳои офаридаи Ҳошим Гадоев ҳисоб кард.
Дар нақши Таҳмина (Марям Исоева) бештар далерӣ, қаҳрамонӣ, вафодорӣ, садоқат, некхоҳӣ ва некбинӣ мушоҳида мешавад. Ин нақш таҷассуми модари пурмеҳр аз ҷигарсўхтааст. Ў ошиқи беқарор ва дар ишқ вафодор аст. Вале аз ҳама сифатҳои зотии ў ҳисси модариаш боло меистад. Ин нақшро Марям Исоева бо маҳорати баланди актёрӣ иҷро кардааст.
Нақши Гурдофарид дар иҷрои Мая Камолова аз бисёр ҷиҳат боиси қдр аст. Гурдофарид таҷасуми ишқу муҳаббати пок, ақлу хирад, ростиву вафо, далерию қаҳрамонӣ аст. Мо дар ин образ камолоти зебоиро мебинем. Ў мубориз аст. Ў барои наҷоти халқу ватанаш бо Сўҳроби паҳлавон меҷангад. Вале ҳамчун зан боз дорои наҷибтарин эҳсосот аст. Ў мафтуни ҷамоли ин ҷавони лашкаршикан мешавад, вале ҳисси ватандўстӣ ба ў имконият намедиҳад, ки ин ишқи поки худро ба ў бахшад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё