Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дигар ин ки ў муборизи роҳи озодӣ аст. Вай ба мақсади «ба гетӣ намонад яке тоҷвар» роҳ меҷўяд.
Аз дигар тараф умеди Пирон, Таҳмина низ ҳамин аст, то ки ў ба тамоми низоъ, оҳи хунин, ба беадолатӣ, ҷабру зулм хотима диҳад. Жанд ўро дар ҳамин рўҳия тарбия мекунад. Сафина низ орзу дорад, ки ў «боиси дўстии ду кишвар гардад». Вале Афросиёбу Бормон ўро барои низоъҳои навба нав мешўронанд.
Ҳатто Афросиёб барои расидан ба мақсадаш ўро ба қурбонӣ медиҳад. Сўҳроб ин мақсади сиёҳкоронаи онҳоро мефаҳмад, дар зоҳир ба онҳо созиш мекунад. Дар ин лаҳзаҳо ў ҷаҳонро на бо чашми ҷавонӣ, балки бо ақл мебинад. Ў акунун ҷавони сабуксар, аз ҳад мағрур нест, мефаҳмад, ки ҷаҳон пур аз пастиҳо, некиву бадиҳо будааст. Ин дигаргунии рўҳӣ боз пас аз нахустин набардаш бо эрониён боло мегардад. Ў асири каманди ишқи Гурдофарид мешавад. Ў дигар Сўҳроби мағрур нест, ки гўяд: «Он ҷо ки шамсу қамар ҳаст нури ситораҳои хира чилозим?». Дар аввалин набард бо эрониён характери амалиёти ў дигар мешавад, чашмаш боз мегардад. Ишқ дар дили ў ҳалимӣ, хоксорӣ, башардўстӣ шикастанафсиро талқин мекунад. Аз рўҳияи ў Афросиёбу Бормон ба ташвиш меафтанд. Фаъолияти Бормон даҳчанд мегардад, то ки ўро ба ҷанг тезонад. Вале ў ба сарбозони марг аз адлу адолат, аз одаму одамгарӣ, раҳму шафқат сухан мекунад:
«Бикўшед, то ранҷҳо кам кунед, Дили ғамгинон шоду беғам кунед.
Бикўшед, паймони мо машканед, Паю бехи пайванди бад барканед…»

пешина
аз 341
навбатӣ