Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Сеюмин шикасти Рустам номардона кушта шудани Сўҳроб аст. Дар ҳамин мушкилтарин лаҳзаҳои рўҳӣ Гуринҷ Завқибеков маҳорати баланди нақшофаринии худро нишон медиҳад. Ин лаҳзаро метавон муваффақи актёр ва таҳиягар дар кушодани вазъияти психалогии қаҳрамони асар шуморид.
Ин шикастхўриҳои рўҳии Рустам худ як фоҷеаи бузург аст. Дигар аз мушкилтарин вазъияти рўҳии Рустам худ як фоҷеаи бузург аст. Дигар аз мушкилтарин вазъияти рўҳии Рустам дар шинохтани «ин кушта ба дасти худ» аст. Қасди худкушӣ кардани Рустам берун аз ихтиёраш аст. Ў бо куштани Сўҳроб худро мурда меҳисобад ва аз ин рў нолаҳои ҷонхарош карда наметавонад. Дар ин дам ў як қолаби беҷон, дар худ гум аст.
Дигар аз нақшҳое, ки боиси вусъати воқеҳои асар гардидаст, образи Сўҳроб дар иҷрои Ҳошим Гадоев мебошад. Ин образ аз намоиши чаҳорум ҳамчун динамикаи ҳодисаву воқеаҳои спетакл то охирин намоиш ба тарзи болораванда, ҷушанда пайдо мешавад ва рушду камол меёбад. Сўҳроб аз аввалин намоиш пеши назари мо як ҷавони мағрур намоён мешавад. Ғурури ҷавонӣ ба ў имконияти зоҳир намудани хирад ва фаросаташро намедиҳад. Бинобар ин ў ҷавони бегуноҳ, поктинату некбин буда, зидди беадолатӣ, бадкорӣ беамон мубориза мебарад.
Ин ҷавонмарди зўрманд намегузорад, ки инсонро таҳқир кунанд. Ин ғурўру зўрии паҳлавон дар офариниши Ҳошим Гадоев тамошобинро ба сарзадани конфликтҳои нав ба нав умедвор мекунад. Худи ҳамин ҳаракатҳои актёр динамикаи образро таъмин кардааст.

пешина
аз 341
навбатӣ