Сояҳои шикаста

То ҳаминҷо агар Рустами Гурминҷ Завқибеков як инсони муқтадир – хирадманд, инсонпарвар ва бо тадбир амал кунад, аз ин пас давраи таназзули рўҳии ў сар мешавад. Тасодуфан кушта шудани Жанд боиси азоби рўҳии Рустам мегардад ва аввалин шикасти ў низ дар ҳамин марги бемаҳал аст. Мо дар ҳамин вақт гурехтани Рустамро аз майдони ҷанг мебинем. Ў дар ин шаби маргзо аз хурдтарин шарафа меҳаросад. Зеро аз омадани Сўҳроб ваҳм дорад.
Гурехтани ҷаҳонпаҳлавон аз набардгоҳ! Ин андеша аз марги Жанд ҳам вазнинтар аст. Ў дигар он Рустами кушодарў паҳлавони музаффар, хушсухану зиндадил, ботадбиру некандеш нест. Ў акунун дар андешаҳои худ гум аст. Вай дар ин маврид тарсро эҳсос менамояд. Ин андешаҳои ҷонситон ўро мағлуб шудан дар назди Сўҳроб тайёр мекунанд. Дар ҳамингуна вазъияти рўҳӣ Рустам ба ҷанги Сўҳроб тайёр мешавад. Ин ҷанг барои ў мушкилтару дилгиртар ва вазнинтар аз марг буд. Дар набарди якуму дуюм ў мағлубияташро яқин мебинад. Ҷаҳонпаҳлавон пеши ду лашкар шарманда мешавад. Иззати нафс, обрўй шукўҳи пештара агар зоҳир накунад ҳам, ўро азоб медод. Хашму ғазаб ақли равшани ўро тира мегардонад. Ў аз ному насаби худ мункир мешавад ва ҳилаву тадбирро пеша мекунад. Албатта ин ҷо мункир шудани Рустам аз наслу насаби худ на аз шарм доштан пеши ду лашкарр ва шукўҳи пештарааш аст.
Не, ў дар ҳақиқат гуфтанӣ аст, ки ба ҳама сифатҳои нек чирадаст буд, балки пеши ту Рустами оҷизу нотавон, пиру ҳақир, маккору пуртадбир истодааст.
Ҷаҳлаш ўро тира, меҳрашро хира гардондаст. Ин худгумкунӣ, дуюмин шикасти Рустам аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё