Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба ин вохўрии Рустам бо Таҳмина мисол шуда метавонад ин пайвастагӣ ва ягонагии компазитсияи асар аз амалиёт ва характери қаҳрамонон низ пурра мегардад. Образи Рустам аз ҳамин гуна нақшҳое мебошад, ки тамоми ҳодисаву воқеаҳои асар дар гирду атрофи ў сар мезананд.
Образи Рустам дар офариниши Гурминҷ Завқибеков ниҳоят мураккаб аст. Ў доим зидди ҷанг мебарояд, тарафдори сулҳу амонӣ мешавад. Вале дар мавриди дигар зидди беадолатиҳо беамон аст. Рустам дар намоиши аввал пеши назари кас як марди бузург, инсонпарвар, тарафдори сулҳ пурмеҳру шафқат намоён мешавад. Душманашро (Жанд) умри дубора мебахшад. Рустами Гурминҷ Завқибеков паҳлавони озод, хирадманд, чорасозу чораҷўй аст. Маҳз ҳамин афзалияти ў буд, ки Ковус дар баробараш касеро аз ў болотар наёфта, вайро барои бастани сулҳ ба назди Афросиёб ирсол намуд. Ковус ба Рустам эҳтиёҷманд аст ва Афросиёб наздаш «эҳтиром» меорад. Сухани Рустам қонун аст, ҳатто ба Афросиёб ҳам. Шоҳон аз нотавонӣ ва ноилоҷӣ бо ў созиш мекунанд, вале даруни дил кин мепарваранд. Рустам бошад дорои дили мусаффост, ки он лабрези эҳсосоти наҷибӣ инсон мебошад. Аз ишқи Ватан муқаддамтару муқаддастар дигар чизе барои ў нест.
Дар саҳнаи ҳафтум Рустам ҳамчун инсони муқтадиру озод ба таври умда пеши мо намоён мешавад.
Ковус ба тазарруъ пеши ў зону мезанад. Ин рафтори Ковус дар Рустам як зарра раҳму шафқатро нисбат ба ў бедор мекунад. Ў на барои ҷилои тоҷи каёнӣ, балки барои «марзу буми» Эрон, барои додраси ба мазлумони ин сарзамин ба ҷанг меравад.

пешина
аз 341
навбатӣ