Сояҳои шикаста

Шахси огоҳ аз қабати гилҳои ин марзу бум садои пурпархоши ин муборизони озодиро мешунид. Ё ин садои насими дарёи пир буд, ки Сайрами озодро бардошта ба пеш мебурд. Ё ў ҳамин тавр гумон мекард. Ў ба сўи театр мерафт, бехабар аз он ки кайҳо боз як гурўҳмухлисонаш аз Қўқанд ба дидани Нодираи зинда омадаанд, мешитофт, ҳар чӣ зудтар шогирдонаш Гулсуму Зулфияро ёфта, ба саҳна барояду машқ кунад. Ў имрўз ҳам бисёр сухани гуфтанӣ дорад. Вале садои бенизому пурмағали мактаббаччагони қўқандӣ ўро брздошт.
– Ана Нодира, Нодираи Зинда!
М. БОБОЕВ
(22 марти соли 1984 «Адабиёт ва санъат»)
РАЗМИ БУЗУРГ
Ранги сурхи чароғон дар торикӣ ба мисли дарёи хун саҳнаро пуркарда, ба зал мерезад. Сарбозони маргу зиндагӣ охирини қурбонии худро ба хок месупурданд. «…Замин хун, осмон хун, дашту саҳро ҳама хун. Чашм хун, даст хун, пой то ба зону ҳама хун…» Ин дам кас ба тамоми ҳастӣ дар тасарруфи ин саҳнаи ваҳшатзо мемонад ва ҳаракати хуни гармро дар шарёнҳояш ҳис мекунад. Ин ҳиссиёт ва тасаввури лаҳзагии мо аз ҷилваи нур, сеҳри сухан, мўъҷизаи муқалам ва савти маънизои мусиқӣ сарчашма мегирад. Ин хаёлоти рангини таҳиягар Ҳабибулло Абдураззоқов аст, ки симфонияи мукаммалеро фароҳам оварда, тўли як достони ҷовидона чун ровие ақли моро бо ҳикояти ширинаш медуздад.
Ин ҳикояти ғамангез симфонияи мукаммали хунрезаҳо – намоишномаи «Рустам ва Сўхроб»-и Ганӣ Абдулло аст, ки пеши назари маҷмўи тазодҳои зиндагӣ – ҷангу сулҳ. Маргу наҷот, неку бад, хубу зишт, муҳаббату адоват, вафову хиёнат, далерию оҷизӣ, қаҳрамонию хоинӣ, хирадмандонаю бехирадӣ ва сафову рашкро падид меорад. Ин достони беҳамто бори сеюм аст, ки богузориши нави худ манзури тамошобинони сершумори тоҷик мегардад.
Спетакл дорои композитсияи ягона буда, дар он воқеаҳо конфликтҳо ба тарзи динамикӣ инкишоф меёбанд. Ин чунин боз ҳар намоиш дар алоҳидагӣ дорои компазитсияи махсус аст, ки он боиси идома ва тез шудани дигар сюжету намоишҳо мегардад. Ва баъзан ишорати актёрон ва хотирнишонкунии онҳо ин ё он воқеаро боиси ба вуҷуд омадани сюжетҳоит нав ба нав мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё