Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ишқе, ки Ватан аст, қайд аст, озодиву ободист.
Сайрам ин замон даруни шишаи мавҷҳо модарашро мебинад. Хоҳишҳои ўро мехонад. Чӣ қадар мехост, ки духтараш духтур шавад! «Ту ўро аз роҳ набарор, Марям. Ту артист шудаӣ бас. Бигзор ў табиб шавад, дарди мардумро дармон кунад. Барои як хона як бозингар бас аст. Ман намехоҳам… Фаҳмидӣ. Сайрамро ба ҳоли худаш гузор. Вай духтур мешавад!...». Ў аз ин садоҳои соягун андешааш лабханд зад. Оё ў медонад, ки духтараш василаи ин «бозингариҳояш» ба мардум чӣ қадар нафъ мерасонад? Ин замон қариб аст, ки Сайрам фарёд занад: «Модар, ман духтур шудам». Ў рост мегўяд. Одамонро табобат мекунад аз танҳоӣ, аз ғаму андуҳ, аз бедардӣ, аз коҳилӣ, аз бадӣ… Ҳо, баъзан мешавад, ки суханони бадро ҳам мешунаванд, вале ин чандон аҳамият надорад, зеро медонад онҳо худи ўро дўст медоранд.
Ҳатто баъзан номашро фаромўш мекунанд ва мешунавад, ки мегўянд: ана Робиа… ана Хадича… ана Ситтӣ, ана Аза…
Сайрам чанд лаҳзаи дигар бо андешаи гуворо ба мавҷҳои дарё нигарист. Дар он соҳил моҳигирон ҳанўз ҳам дар заврақчаҳои сокити худ нишаста буданд. Ў аз ҷояш бархеста сўи театр роҳ пеш гирифт.
Ба мисли ҳарвақта ба боғ фуромад, ба гулгашти хиёбони Камоли Хуҷандӣ ворид шуд. Ин хиёбон боғро бо театр мепайвандад. Нури зардчатоби офтоби уфуқ аз болои девори баланди қалъаи фартути Темурмалик гузашта, ба биноҳои тарафи чапи хиёбон мезад. Дар ин майдон соли 1916 коргарони Хуҷанд шўриш бардошта буданд.

пешина
аз 341
навбатӣ