Сояҳои шикаста

Ва ҳамин чиз ягона василае мешавад, ки ба Рома наздик гардад. Барои ин боз ба онҳо зарур аст, ки аз баҳри сухани муаллиф, диалог гузаронад. Ин саҳнаи наздикшавӣ бе ҳеч сузан оромона бояд бозида шавад. Муносибаташон, боварӣ, ишқу муҳаббаташон, қурбонияшон барои як наздикшавӣ бояд ончунон иҷро шавад, ки тамошогар тавонад онро аз рафтору кирдорашон, мимикаашон фаҳмад. Бояд ў саволи «Чаро ту ин қадар маҳзунӣ»-ро бо нигоҳе «бигўяд».
Не , Ситти чунин имконият намедиҳад. Ў даруни нигоҳи пурандўҳ бояд шўъла занад, варо бовар бахшад, ки ҳеч маҳзун нест. «Ин ҳолати рўъёгун аст, танҳо ба назарат намудааст, ки ман маҳзунам. Ҳамааш мегузарад. Онҳо ба соҳили саодат мерасанд».
Ин «сояи кабуд» болои шишаи оби дарё барояш зоҳир мешавад. Ў садои мусиқии фораму лирикиро «мешунавад». Эменте аз спектакли «Маликаҳои нозанини Тошканд» низ ҳамчунин ролест, ки амалиёташ аз рўи программаи паси парда супориш мегирад. Ин факти паси саҳна вайро ба ҳаракат меорад.
Актёр бояд он факти аз дур зоҳиршавандаро бозад, созад, нишон диҳад. Ин холигиест ба мисли «Сўрохии торик», ки актриса бояд ба интиҳои он бирасад.
Вале ҳайҳот!...
Рўи мавҷҳои нилгуни дарё Хусрав ба истиқболи мурод меояд. Ин дафъа солор меояд. Ширин мебинад: аз ишқи худхоҳонаву нафсонии Хусрав осоре намондааст. Шоҳаншоҳ бо ишқи бузург ба сўи диёри худ, мардуми худ меояд. Ширин ишқи худро мешиносад. Ў аз Хусрав зиёда аз инро хостор набуд.
Фақт мехост, ки ишқи Хусрав ишқи халқу Ватан бошад. Ин замон Сайрам даруни шишаи пурҷилои мавҷҳои коҳил шўълаи як ишқи сўзандаву созандаро мебинад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё