Сояҳои шикаста

Шумо характери одамони эҷодкорро дода натавонистаед. Ман вайро аз шеъраш хубтар мешиносам,
– ўро айбдор мекард рўзноманигоре, ки дар маҷлиси Шўрои бадеии театр иштирок дошт.
– Муроди ман ин набуд. Ман тавлиди шеърро ва азобу эҷоду эҳсоси онро талқин намудаам.
Вале рўзноманигор розӣ нашуд ва ба фикри худаш истод.
Аз ин андешаҳам худро бад ҳис кард. Гўё ғашашро овард, нороҳатие дар худҳис намуд. Тамошобин аз «зиндагии паси парда» бехабар аст ва парвое ҳам надорад, ки намоиши дидаистодааш ба чӣ азобҳое, ба чи гуна баҳсҳо, андешаҳои дуру дароз манзур гардонда шудааст. Вале ҳунарпеша барои он ки хаёлот, гуфтору кирдораш боварибахш бошаду тамошобин ба он бовар кунад, ҳазорбор дар худаш мемирад, худро аз нав месозад, баъд дигаре мешавад. Вале дар ҳамин бехудиҳо ҳам моҳият худи офаринанда аст. Образ, рол, ба сари худ танҳо матои драматургӣ, матои беҷони бадеӣ аст.
Ситти ба сурати худ ҳамчун матои асари бадеӣ хатти инкишоф, кулминатсияи сабаби амал дорад.
Ин амалиёти ҳуҷҷатиро худи драматург медиҳад.
Масалан ў, яъне Ситти ҳамроҳи маъшуқаш Рома ба ҷангалистон меравад ва дар он ҷо ҳам ба муродаш намерасад, ҳамчунон ба як зани рўзгордор, маишӣ табдил меёбад. Ин мақсади драмманавис ба хати ягонаи асар он қадар мос нест. Барои Сайрам ин зан ба мисли машъале метобад, ки бояд дигаронро аз пасаш барад, маҳбуб бошад. Аз ин мавқеъ ба Ситти фақат либоси шоирона мувофиқ меояд. Вай бояд аз малоҳат, эҳтироси баланди ботинӣ моломол бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё