Сояҳои шикаста

То ин дам он чунон ки боистӣ, саҳнаро эҳсос накарда буд. Гўё нисбати он беэътинову бепарво шуда буд. Албатта ин Сайрами ҳанўз ҷавон буд. Вале дар ҳамон давраҳо ҳам дар ниҳоди худ як нороҳатии ғализеро, ки сарчашмааш ноқаноатист, эҳсос мекард. Ин қувваи муҳаррик ўро сўи саҳна мебурд. Дар хобаш миёна саҳна парие мешуд. Ба ҳамин бедорӣ аз ин ношоистагии вазъияташ худ ба худ сурх мегашт. Шояд ҳамин эҳсоси худ буд, ки ў ба кўи ҷустуҷў афтод, пеш рафт, уфуқҳои «маҳдуди» саҳнаро беканор ёфт. Ва тавонист мухлисони театрро ба эҳтирос оварад. Ва шояд аз ин ковишҳои худӣ аст, ки ҳамеша ба вақти машқи таҳияҳояш исрор мекунад.
– Санъаткор бояд дар бораи обйект фикри саҳеҳи худашро дошта бошад. Вагарна дар акси ҳол аз доираи тақлид берун шудан амри маҳол аст. Тақлид марги истеъдод аст… Кас бояд онро эҳсос кунад, дар ҷои худ гузорад ва аз ҳамин мавқеъ дар бораи худи дигараш андеша кунад. Онгоҳ то андозае кӣ будани образ маълум мешавад...
Аз ин мавқеъ Робеа аз спектакли «Суруди нотамом» барои Сайрам на ҳамчун шоира, зани ашрофу босавод, асилзода буд, балки ин образ барои офаринанда василае шуд, ки ба тамошобин продсеси тавлиди шеърро намоиш диҳад, фаҳмонад, ошно созад.
Робияи Сайрам Исоева тавлиди шеър аст, на ҳикояти рўзгори пурфоҷеаи як шоира. Аз ин рў баъзеҳо ўро тамоман нафаҳмиданд, аз нимаи намоиш хеста рафтанд ва дар рўзномаҳо мақолаҳои мубоҳисавӣ чоп карданд.
– Робиа нест! Мо ҳеч гуна шоиреро надидем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё