Сояҳои шикаста

Охир, инсонҳо ҳам ба мисли ин силсилаи мавҷҳо ҳеч ба ҳам монанд нестанд. Ҳаракати онҳо ба сўи соҳили мурод якхел нест. Дар ин тамоюл яке коҳил, дигаре пуршўр ва саввуми дағалу бериёст. Аҷиб аст ин ҷараёни мавҷҳо! Оне, ки пештар ба соҳил мерасад, бархўрда пас мегардад ва дар як дам сайли майлгардони мавҷи дуюм мешавад. Ў ки ҳоло дар бораи роҳи паймудааш фикр мекунад, худро ба мисли як мавҷи пасин мебинад. Ў се сол танҳо гўё «актриса» буд ва заррае дар офариниши спетаклҳо рол набозид. Ҳо, гоҳу бегоҳ дар саҳнаҳои умумӣ «ҳунар» менамуд. Пас аз се сол, иқболаш хандиду ба ў спектакли «Гавҳари шабчироғ» нақш доданд. Ў аввалинбор дар баробари устодони санъат бо нақши «чашмрасе» ба саҳна баромад. Он лаҳзаҳо чӣ сон худро ноҳинҷор ночаспон ва дар саҳна «бегона» ҳис мекард. Ин замон ҳам аз андешаи ногувори бегонагӣ худро ногувор ҳис мекунад ва аз ин ғашаш меояд.
Шояд ин ноҳинҷорӣ аз номи овозадорӣ партнёрҳояш сар зада буд? Ҳеч гап не. Дар ҷои ў каси дигар ҳам мебуд, худро ҳамин зайл ҳис мекард: вақт тўл мекашад, гўё ба рўи саҳна мемирад. Он қадар дер мегузарад. Ин дам ки андешеша мекунад, худро ба он замон ба мисли як нобиное, ки аз гузаштаи замону паҳнои макон бехабар аст, мебинад. Ва шояд ин эҳсоси имрўзаи ўст? Ва ё дар он лаҳзаҳо низ чунин андеша мекард. Шояд ин фақат андешаи Сайрам буду Зиёдахон бепарво, дилпурона аз рўи сарнавишташ «мезист». Охир пас аз интизориҳои тўлониву дилгир, ки замоне кас дар тасарруфи онҳо худро гум мекунад, дигар ба худаш бовараш намемонад, ба ў нақши характерноке дода буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё