Сояҳои шикаста

Ў ин замон мефаҳмад. Ё хеле пештар фаҳмида буд? Охир дар ҳақиқат Хадиҷа дар баробари Нурхон образи хеле манфист. Ў ба даст. Кинаҷўву ниқоргар, ҳасуд аст. Ин ҳама аз назари тамошогар чунин менамояд, зеро вайро, Хадисаро ҳаминтарв дидаасту ҳаминтавр қабул мекунад. Вале аз дигар тараф, бозҳам аз назари як тамошогари он бегоҳина Хадича бо вуҷуди ин ҳама хислатҳои манфӣ ба тамоми ҳастияш талош мекунад. Вай фаъол аст. Аз ин рў чашмонаш оташ мегиранд ва дар баробари Нурхон «бадахлоқ»
менамояд. Ин фаҳмиш ҳанўз комил нест, бал ки рўякист. Ин ҳама воситаҳои зоҳирии офариниши образ буда ҳанўз моҳияти онро ифода намекунанд.
Моҳияти образ ба фикри офаринанда худи Хадича ҳамчун як зан аст. Зане, ки малоҳату назокати хоси худро дорад, зебову дилбар аст ва дўст дошта ҳам метавонад. Имрўз аз ин дидгоҳ Хадича барои офаринандааш он қадар ҳам манфӣ нест. Вай ҳам дар роҳи такопўҳояш ба сўи хушбахтиҳои зиндагӣ ҳақ аст. Барои ҳамин ҳам дар ин талоши будан «чашмош дармегиранд» ва то дараҷае даҳшатовар мешавад, ки аз вай «мегурезанд». Имрўз ў андеша мекунад, ки агар тамошобин аз ин мавқеъ, аз ин дидгоҳ ба Хадича менигарист, ба ҷои нидои пурнафрат, баръакс нисбати он шафоқаташ бедор мешуд, хориаш меомад ва онгоҳ Хадича ва Нурхонро ҳамчун – Зан дар як поя мегузошт. Пас дар ин мавқеъ чӣ тарз ифода ёфтани образ ҳам моҳият пайдо мекунад…
Ў бо дард оҳ кашид. Афсўс баъзан одамон аз муроди як дигар бехабар мемонанд ва нисбат ба ин муродҳову хостаниҳо беэътино мешаванд ва ҳар кадоме мехоҳанд онро маҳз аз мавқеи худ ҳукм намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё