Сояҳои шикаста

Ба ин ҷасорат дастатро ҳамчун дўсти даврони туфулият мефишорам, аз дили беғашу кина ба ту санои қудрат мехонам ва дуои табрик мегўям… Корҳои ман ҳамааш хуб рафта истодааст.
Мумкин, солҳои оянда ба аспирантура имтиҳон супорам…
Ба ҷавоби нома интизорам. Тез- тез аз хабарҳои деҳот маро хабардор кун. Хайр, ҳамеша саломат бошӣ. Ҳеҷ гоҳ худро дар ҳавои хаёлоти мубҳам хаста магардон!... Хайр, бо саломи дўсти ту Исфандиёр.
Суруди модар
Ў дар болои кати худ дароз кашида мехуфт. Дар поёни кат модари пираш нишаста, суруди ҳамешагии пуризтироб ва меҳрандудашро дар торикии шаб ва хомўшии беинтиҳо такрор менамуд. Ин суруд ҳеч поён надошт ва дар саҳни рўзгори сипарӣ торафт пурзўртару пуризтиробтар садо медод. Дар шунидани ин суруди меҳрандуд кас гумон мекард, ки дар зиндагие, ки ҳама мурдаасту танҳо ин оҳанги эҳёкунанда садо медиҳад ва он то ба интиҳо танинандоз аст. Не, ин олам ҳама пуршўру ситезанда аст ва ҷасорати қатъ кардани ин сурудро надорад. Ваҳшиёни бовиқори ҷангалҳо аз шуниданаш ором мегарданд.
Дилҳои шикаста аз шуниданаш ором мегиранд.
Он танҳо ягона сурудест, ки ҳамеша дар олам садо медиҳад ва ҳамаи дигар шавқунҳои пурэҳтиросро хомўш мегардонад. Суруди модар! Аллаи ҷонбахшу чун оҳанги хуш фораму ҷовидонӣ.
Модар дар назди кати тоза ороста нишаста, суруди ҳамешаи худро мехонд. Бист сол аст, ки ў вақти холигӣ, лаҳзае дасташ аз машғулияти рўихонагӣ канда шавад, омада дар назди кати писараш нишаста, алла мехонд.
Имрўз ҳам ў дар назди кат нишаста, суруди ашкбори дилашро тараннум намуд.
Азизам, ба хотир овар он рўзи марги модарро, ки дар болои сараш ҷигарбандаш ҳозир буд. Ҷавон дар болои сари модараш чун шохаҳои маҷнунбед хам шуда ба рўи ў сояи худро меафканд ва чун шабнам аз баргон ба замин мечакад, аз чашмонаш ашки ҳасрату андўҳу алам мерехт. Ашк дар тоби меҳри модар ҷило медоду ҳарфе гуфта наметавонист, ҳатто «маро бубахш, модар» гуфтан хам натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё