Сояҳои шикаста

Ба муҳаббати номаълуми оилавӣ умед мебандем.
Вақте ки мо дар якҷоягӣ умр ба сар мебарем, медонӣ, чӣ хел даҳшатовар аст. Нобоварона ба якдигар менигарем. Дар нигоҳи мо нури самимият маҳв гаштааст. Вуҷудамон аз ҳиссиёти наҷибе, ки лабрези муҳаббат аст, бенасиб гардидааст. Аз хандаи мо гармии дил эҳсос намешавад. Мо дар он вақт танҳо, танҳо барои фарзандонамон, барои ояндаи онҳо машғул мешавему зиндагӣ мекунем. Магар ҳамин тавр нест?!
Манижа, Манижаи азизам, нури ду дидаам, ҳеҷ гоҳ дил каҷ мадор! Ман ҳеҷ сухане киноя намезанам.
Ман танҳо, фаразан, ҳардуямонро мисол овардам.
Он ҳақиқат аст. Мардуми мо ба он одат карааст. Дар хунаш чунон реша давондааст, ки онро ҷудо карда партофтан амри маҳол аст. Пас, албатта рафтори бар хилофи онҳо ба онҳо маъқул намешавад. Аз дасти ману ту чӣ кор меояд? Магар мо метавонем, ки бар муқобили мавҷҳои шўхи рўди кўҳӣ ҳаракат кунем?! На! Он хеле мушкил аст. Дар ноомади кор ғарқ шудан аз эҳтимол дур нест. Магар ҳамин тавр нест?!
Манижа, Манижаи ба ҷону дил баробарам. Наход, ки мо танҳо барои шикебу нолаҳо зинда бошем?
Охир, ту худ ҳукм фармо, ки ин рафтор чӣ оқибате дорад. Ба ҳафтаҳо боре номанависи аҳволи худ мегардему боз ҳамон ҳам бошад оҳу нола… Чаро аз навигариҳо ба якдигар хабар намедиҳем? Ман фаҳмидам, ки ту курси мошинронӣ (тракторронӣ)-ро тамом карда, сардори бригадаи калонсолону ҷавонон шудаӣ. Магар ин рост аст?! Аз ин кори ту, бовар бинамо, хеле хурсанд шудам. Ҳамон рўз қариб буд, ки шодикаф шавам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё