Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз ҳамон дақиқа сар карда ба рўям беҷуръатона нигоҳ мекардӣ…


Манижаи ба ҷону дил баробарам!
Ман ҳеҷ гоҳ аз ту намеранҷам ва хотири худро аз хаёли ту тира намегардонам. Охир, моро дар чунин рўҳия тарбият карда, ба воя расонидаанд. Охир, мо дар доираи бесўзу гудозе ба дунё омадем. Танҳо, танҳо ба пичингу киноя задан одат кардаем, зеро…
зеро ки ба якдигар боварӣ надорем. Охир, ту худ тасаввур кун:
Умуман ягон шахсеро мегирем, ки ў бо аксаран хулқу атвораш ва тарзи зиндагиш бо тамоми мардуми мо монандӣ дошта бошад. Фарқе надорад, ки ў кист. Мо қариб ҳамагон рўҳи ягонае дорем. Он дар ҳар кас ба тарзҳои мухталиф сар мезанад, вале моҳиятан ҳамон чиз аст, ки моёнро умумият медиҳад.
Масалан, худи манро шартан мавриди баҳс қарор медиҳем. Аҳмад, Комил, Ҷамшед бошад ҳам фарқе, надорад. Танҳо барои мо рўҳи ягонаи онҳо лозим аст. фарз кардем, ки ман туро умуман, дар тамоми умрам, надидаам. Бар замми ин ман боз аз гапи падару модар намебароям, зеро аз чизе андеша мекунам. Бо ту хонадор мешавам. Дар бораи ту тасаввурот ҳам надорам, ки чигунаӣ ва кистиву чикораӣ ва оё метавонӣ бо ман тамоми умр содиқ бошӣ. Ман чизе намедонам. Ва дар навбати худ, ту низ ба чунин фикр меоӣ. Дилат беихтиёр ғаш мекунад. Охир, ту каси дўстдоштаатро пеши назар меорӣ. Вале боз андеша мекунӣ ва худро бовар кунонданӣ мешавӣ, ки муҳаббат бофтаи хаёл ва андешаи беақлист. Муҳаббат танҳо дар оила вуҷуд дораду халос. Пас аз баҳри ҳама чиз баромада, ба тақдир тан медиҳем.

пешина
аз 341
навбатӣ