Сояҳои шикаста

Не, не, ҳеҷ бовар карда наметавонам. Охир, ин номумкин аст. Не, не ин номардӣ мебуд.
Оҳ, агар ту медонистӣ, ки ин шабу рўзҳо чи сон тўлонӣ ҳастанд. Дару девори хона, гумон мекунам, ки аз гулўям дошта, маро буғӣ карданӣ мешаванд.
Аз буни ҳар кўки кўрпа гўиё неши каждум бар баданам мехалида бошад. Моҳтоб бо ҳама рахшандагӣ ҳамчу ту ба зери пардаҳои абр мегурезад. Рўд чунон бадаҳшат тўғён мезанад, ки гумон мекунӣ, ана ҳоло соҳилҳои сангинашро тоза карда, деҳро ба комаш мекашад. Ва аз ваҳшати он паррандагон дар шабҳои тор фарёдкунон ба ҳар сў парвоз мекунанд. Дар он тарафи вай тракторҳо беист ғуррас мезананд.
Наход, ки фаромўш карда бошӣ. Танҳо дар лаби рўд, ҳар бегоҳ нишаста, ба он тарафи соҳил то дергоҳ нигоҳ мекардӣ. Роҳпоӣ мекардӣ…
Ба сўям медавидӣ. Қопи алафро аз сарам гирифта, пешопеш медавидӣ, дам ба дам ба пас гашта, механдидӣ. Дилат аз шодӣ ғаш мекарду қопи алаф ба рўи китфонат беқаророна давр зада, бозӣ мекард.
Не, ҳоло ҳеҷ боварам намеояд, ки он ҷавон ту бошӣ. Рашкам меояд. Худро маломат мекунаму сарзаниш медиҳам.
Шаш сол пеш аз ин, дар ҳамин рўз ба хотир дорӣ? Мо дар соҳили руд менишастем. Бадани ту аз эҳтирос меларзид. Сухан аз забонат канда-канда базўр-базўр мебаромад. Лабонат чу барги ар-ар мерақсиданд. Чизеро гуфтани будӣ. Вале аз баёнаш метарсидӣ. Метарсидӣ, ки гўӣ «туро дўст медорам».
Танҳо, албатта меоям», гуфта хеста, рафтӣ. Ба пасат нигоҳ накарда, дар хамгашти кўча аз назар ғоиб шудӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё