Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Он гоҳ ту ҳама чизро: хушбахтиву озодӣ, оила, муҳаббату вафоро аз даст медиҳӣ.
Зинҳор, ки дар дасти ў наафтанд. Вагарна боз ҳам ман сабаби хонавайронии шумо мегардам.
Аз ҷиҳати ман ҳеҷ гоҳ ғам нахўр. Мумкин аст, ба наздикӣ «хушбахт» шавам. Он гоҳ ба шумоён хабар мефиристонам, то ки аз ман хурсанд шавию гузаштаи «ширин»-ро ба ёд орӣ. Хушбахтии шумоён хушбахтии ман аст. Ҳеҷ гоҳ гам нахўр. Охир, мо ҳамеша субҳи козибро истиқбол карда будаем. Нолаи кабкони дарӣ маро фиреб дода будаанду мо бошем ба он бовар карда, ба орзуҳои наврасӣ ҷомаҳои рангорангу мушкбез мепўшондем. Мурғи орзу ба осмони пурсафои хаёл парвоз карда, бо суруди зиндагӣ ҳамовоз мешуд…
Чӣ бешармӣ, чӣ беҳаёӣ, чӣ буздилӣ. Охир, ман «маҳбуби» туро дар хаёл тасаввур карда истода, ба ту пичинг мезанам. Тасаввуротҳои кўдакона! Ба ҳар навъ дар дилам шубҳае туғён мезанад. Охир, ту дар кадом асос барои ояндаи номаълуме метарсиву худро чун чўҷаи оҷиз аз чанголи уқоб мегурезонӣ.
Охир, ту ба ман афсонаҳои кўҳнаро нақл мекунӣ.
Маро ба ин дағалиҳои беадабона бубахш.
Исфандиёр, гумон мекунам, ки ту маро ҳеҷ гоҳ дўст надошта будӣ. Ё муҳаббати софу содаи наврасиро, ки туғёни рўдҳои шўх дар шамоли мавҷаш хомўш мегрдад, ҳамчу як муносибати рафиқона ва меҳри кўдакона дар дил роҳ дода бошӣ, ки акнун он бароят ҳамчун чизи беаҳамият аз саҳфаи хотир рафта бошад. Ё ин муҳаббат набуд. Пас бигў, он чӣ буд?
Наход боз ҳамон суханони пур аз эҳтирому муҳаббатро ба каси дигар гуфта бошӣ?

пешина
аз 341
навбатӣ