Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Ба вай ҳамаашро гуфта будааст.
– Чиро?
– Чӣ донам?
– Пас аз куҷо медонӣ, ки ў ба дугонааш ҳама чизро гуфта додаст?
– Худи дугонааш гуфт, ки ҳамаашро медонад ва ҳатто шуморо мешиносад. Нома менависед ё не?
– Пагоҳ.
Мошин бо суръати аввалаи худ ба пеш ҳаракат мекард. Аз ду тараф мардуми зиёде равуо доштанд.
Баргҳо аз шохсор канда шуда, рақскунон ба замин фуруд меомаданд. Аз ин рақси баргҳо маълум буд, ки бод мевазад. Мошини онҳо дар назди гузаргоҳ истод. Чароғак сурх буд.
– Чаро ба андеша рафтӣ? Гап зан! Баъд чӣ шуд?
– А?!
Бегоҳи рўзи шанбе буд. Гулчеҳра ба нома ҷавоб нагардонда, ба Рауф таъйин карда буд, ки бо Нодир худаш гап мезанад. Аз ин рў Нодир рўзи дароз аз хурсандӣ худро ҳеҷ тасаввур карда наметавонист.
Ин шодии ў албатта ба касоне нашъа мебахшад, ки онҳо аз чунин як чашмаи бахшояндаи шодиву беқарорӣ ва шубҳа об нўшидаанд.
Рўзи дароз худро барои ба сўҳбати ў расонидан тайёр мекард. Худ ба худ мегуфт: «Наход, ки боз хомўш, шах шуда монӣ ва шармандавор чун рўбоҳи ноумед аз наздаш баргардӣ. Модоме, ки ў ба мулоқот даъват кардааст, бояд суханро худаш сар кунад. Не. Охир, ба ҳар навъ ғурури духтарӣ ўро ба ин кор даст намедиҳад. Маҷбурӣ, ки ту сухан оғоз кунӣ. Гап аз гап мебарояд мегўянд». Дар лабонаш табассум гул кард.

пешина
аз 341
навбатӣ