Зеҳн
Сояҳои шикаста

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 341 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз ин воқеа се рўз гузашт. Умедашро аз дидани ў ба якборагӣ канда буд. Вале тасодуфе, ки ба он эътироз дошт, шуду он нигорро дар назди бинои хонаашон дида монд. Ҳеҷ бовараш намеомад, ки ин ҳамон аст, ки се рўз пеш дилашро рабуда буд. «Наход, ки боз назарам маро фиреб диҳад-а?» Не, худи ўст.
Омада ба дарун даромада рафт. Нодир чун муҷассамаи аз қаъри асрҳои пурошўб боқимондае, ки тавони гарониеро надораду бо камтарин таъсир вайрон мегардад, шах шуда меистод. Ношинос бо дугонааш баромада рафт. Боз ҳамон нигоҳи аҷиб карду дар дили Нодир ошўби қиёмат ангехт. Ҳанўз ҳам карахт меистод. Танҳо як қувва дар даст дошт, ки бо он ҳам ўро гусел кард. Чашмонаш дар ин дақиқа аз шишаи одӣ фарқе надоштанд.
Аз ин дидорбинӣ як рўз бо азобу машаққат гузашт. Аз дирўза дида ҳаво имрўз нармтар гашта буд.
Дар ҳама ҷо суруду навои парандагон ба гўш мерасид. Нодир аз дарс баромада, ба вокзал рафт, то ки ҷоеро банд карда, то ба манзилгоҳаш осудаву бароҳат равад.
Ношинос дар назди дўкони рўзномафурўшӣ бо дугонааш ким-кадом маҷаллаеро варақ мезад. Нодирро дидан замон ў аз дасти дугонааш гирифта, ба роҳ даромад. Нодир аз қафои онҳо оҳиста-оҳиста қадам мезад. Рафта бо онҳо баробар шудан ва ё гузашта рафтан намехост ё ин ки метарсид. Не, барои ин кор ҷасорат надошт. Вале ношинос бо дугонааш чизе мегуфту баргашта дам ба дам ба Нодир менигарист. Қариб ҳама рўз Нодир ношиносашро бо нигоҳи маҳзунона, вале пурумед мегуселонид. Дигар ҳеҷ тобу тавонаш намонд. Ба ҳар навъ ў духтар аст.

пешина
аз 341
навбатӣ