Сояҳои шикаста

Кошки барнамегаштам, – мегуфти ҳамеша. Чӣ хел зебо нигоҳе буд. Ду зулфи моракаш ба баногўш ҳамоил гашта, ду абрўи шофӣ ба ҳам пайваста, қади навча дили Нодирро тасхир кард.
Нодир дар шафақи чунин нигоҳ тоб оварда натавониста, тез нигоҳашро аз ў канда, ба дигар тараф афканд. Дар ин лаҳза бар дилаш оташи сўзони беқарори аланга зад ва тамоми вуҷудашро ба изтироб андохт. Ўро чизе маҷбур мекард, ки чашмонашро аз ў наканад. Вай ба сўяш менигаристу менигарист.
Нодир боз ба нигоҳи ў тоб оварда натавониста, ба дигар тараф гашт.
Рўди одамон ба пеш меғелид. Суруд, дафу най, карнаю сурнай баланд танинандоз буд. Ба гумони Нодир, гўё ин ҳама мушаввашият аз дили ў сарчашма гирифта истодааст. Вақте ки ба ҷустуҷўи он ошўбгар дида ба пас гардонид, ўро надид. Ба назараш гўё хобе намуду он нигор чу рўъёи ширине парида рафт. Не, ин набояд хоб бошад. Дилашро чизе сахт мефишурд, нафас дар гулўяш дар мемонд. Дидагонаш чу барқ беист ўро меҷустанд.
Аз чеҳрааш ба осонӣ аломати ошуфтагии хушҳолонаро мехондӣ ва гумон мекардӣ, ки ин рўз аз касе сахт расидаасту муҳит ўро ба ранҷиш роҳ намедиҳад. Вале ў сахт хурсанд буд. Худро хушбахтарини мардумон медонист ва дар дил ба Худо миннатдорӣ мекард.
Он бахшояндаи хаёлоти ширин пешопеши Нодир мерафт ва дам ба дам ба пас гашта, назари дилрабою рўҳафзое бар ў меафканд. Нодир хаёлан духтарро ба кадоме монанд мекард ва ба назараш чунин мерасид, ки ўро дар куҷое дидааст. Ба ҳар навъ, ки набошад, гумон-дия.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё