Сояҳои шикаста

Чӣ тавр ин гуфтаҳои туро фаҳмидан мумкин аст?
– Фарз кардем, шумо акнун ба арсаи зиндагӣ қадам мегузореду то ба ҳол ба он аз афсонаҳои ширини шоирона шинос шудаед ва ба назаратон тамоми воқеаву ҳодисаҳои зиндагӣ хеле саҳлу осон менамояд. Охир, шумо хонда будед, ки инсон тез ва тасодуфӣ хушбахт мешавад. Масалан мегирем ҳоли ошиқони тасвиршударо: вохўриашон тасодуфӣ ва хеле ширин аст. Онҳо ба як дидан ҳамдигарро гўё чу Лайливу Маҷнун дўст медоранд. Натарсидаву наҳаросида ба ҳамдигар роз мегўянд ва ғайра. Пас ин романтика ба шумо ҳақиқат менамояд, ба он бовар мекунед. Вақте бевосита ба он сарикордор мешавед, пас мебинед, ки ину он таззоди якдигар будаанд.
– Ҳаҳ… ҳаҳ… ҳаҳ, – бародари Нодир хандида,
– Иттифоқан акнун дар сарам зад, ки чӣ гуфтанӣ ҳастӣ. Шафшаф нагуфта шафтолу гуфта монӣ, намешавад?
– Чӣ?
– Худатро ба нодонӣ назан, боз кадом мешуд.
Ҳамон духтараки зебое, ки ҳамеша бо либоси сурх медидияш, – суханро ба дигар тараф кашида гуфт бародараш.
– Гулчеҳра?
Ў ба фикр фурў меравад ва пеши назараш рўзи иди Октябр ҷилвагар мешавад. Нодир дар издиҳоми мардум бо гурўҳи ёрон ба пеш ҳаракат мекард.
Пешу қафо чунон серодам, ки ҷои сўзан задан набуд. Мавҷи дарёи одамон бо шиору байрақҳо ба пеш мерафт. Мардум мерақсиду месуруд.
Нодир рў ба пас гардонд. Чашмаш ба чашми шаҳлое афтод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё