Гаҳворабахш

Баъди гирифтани инъому ҳадьяи бисёр момодоя дуои ғафс хонда, ба сарангушташ асал мемолиду коми лўлакро мебардошт, то доим хушбахту комрон бошад. Ин расми хуба комбардорӣ мегуфтанд. Лекин шумо, мардумҳои «баақлу тадбир» ба сари он об рехтед...
— Хуб кардем! Зеро, мегум ки занак, дар гузашта асал қатӣ комбардорӣ бисёр буд, лекин бисёриҳо бадбахту номурод мешуданд. Ҳоло ин кор нест, аммо аксарият хурраму хушбахт!..
— Хайр, бало ба паси комбардорӣ! Гўш кунед, мардак, одамҳои қадим боз як одати хуб доштанд, — модарам дасту остин барзада, аз нав ба ҳучум гузашт. — Дар ҳафтрўзагии кўдак гўсфанд куштаю зиёфат дода, ба тифл ном мегузоштаанду ин маросима ақиқа мегуфтанд. Баъди ин момою бобо набератўӣ мекарданд... Лекин, бо мурури замон, мардакҳои тангдаст «ақиқаю набератўй сарфу хароҷоти беҳуда» гўён ба ин корҳо ҳам хати сип-сиёҳ кашиданд. Ҳоло, агар ҳай-ҳай пагўӣ, гаҳворабандонро ҳам нест мекунанд... Ва ҳамаи ин кам нест магар, ки акнун гаҳворабахшро ҳам зарарнок меҳисобед?
— О, боз мегуму боз мегум ки занак, гаҳворабахш кори беҳуда. Масалан:
худат гўӣ, чува, ба кадум мақсад Муъмина катӣ Риёзбека гаҳворабахш мекунем?
— Ҳамина намедонед? Аввалаш ин, ки онҳо хоҳарзодаанду барои ҳамдигар ҳақку ҳалоланд. Дуюмаш ин, ки ба шарофати гаҳворабахш омадурафт ва додугирифти мо нағзтару хубтар мешавад. Сеюмаш ва аз ҳама асосиаш ҳамин, ки гаҳворабахш шудан пас дигар ҳеҷ як писардор номи Мўъминаро ба даҳан намегирад. Фаҳмидед?
— Ҳамааш ҳамин? Гуфтам-ку: як пула гап... Боз мегум ки занак, ин савдот хум..
— Барои чӣ хом будааст?
— Рас, ки Муъминаю Риёзбек ба якдигар ҳаққу ҳалол бошанд, пас калон, ки шуданд, нумзад мекунему бо ҳамин ҷун халос, занак! Акнун дар масъалаи умадурафту додугирифт, бе ин ҳам ту ҳар ҳафта як бор, бехато, хунаи хуҳарат мерию баъди гаҳворабахш ду-се маротиба рафтаната ақлам намегирад, занакҷун... Акнун меоем ба сари масъалаи сеюм: барои ун, ки писардорҳо Муъминая аз мо зада нагиранд, худи ҳозир хунаи боҷаам мераму мегум, ки «Духтарат келини мо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё