Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Зайнит.
Вая ба ҳеҷ кас ваъда нате!» Тамум-васаллум, бо ҳамин об ба лаби ҷу бадбаробар мешаду ба гаҳворабахши серташвиш ҳоҷат намемунад...
— Гаҳворабахш чӣ ташвиш дорад, мардак? Як дег ошу як лаълӣ қанду қурс ва чор танўр нону фатир қатӣ кӣ камбағал шудааст? Агар дар ҳузури аҳли маҳалла сари фарзандҳоямонро ҷуфт карда, дуои мўйсафедонро гирем, магар бад аст? Он гоҳ то рўзи тўй хотирҷамъ мегардем.

  • Мегум ки занак, ҳамин хотирҷамъ гаштана ақлам намегирад-дия.
    Одамҳои қадим беҳуда «зан гирифтӣ-худата асири ғам гирифтӣ»
    нагуфтиянд. Чӣ даркор ин ҳама савдою дахмасаи беҳуда аз якваҷабӣ каллаи бачая гарангу мияи вая палағда мекунем. Худамон бошем, то шаби тўй патаку пайтобаи духтардор мешем...
    — Ҳе, ақлатон пўсад-дия; мардакчаи донояки ман! Бо кадом ақлу тамиз «гаҳворабахш майнаи бачаро палағда мекунад» мегўед? А? Ё тавбаа...
    — Мегум, ки занакҷун, тавбая сунӣ мегўӣ... Ҳоло-ҳозир сад зўр заниям офтоба думан қатӣ пўшида наметуни ҳазор исбот куниям ба ҳар ҳол аниқ, ки гаҳворабахш дарди сар бисёр дорад...
    — Гаҳворабахш не, худатон дарди сар, мардак! Аз ташвиши гаҳворабахш не, балки аз гапҳои бемаънии шумо аллакай сарам ба дард даромад. Э, вой-э, хап кунед-е!
    — Хуб, майлаш. Мегум ки занак, фарз кардем, ҳамаи гапи аз ин пеш гуфтаи ман нотуғрӣ. Акнун хоҳ хато бошад, хоҳ не, лучу пўсткандаи гапа мегум, рафту баъди як сол, ё баъди даҳ сол, чашм паридагӣ барин, Мўъмина ё Риёзбек ягун каси дигара нағз бинанд, ун вақт чӣ мешад?
    — Нафасат ях, мардак! Тавба кардам, Худоҷон, аз номи ин мардаки осӣ хазор бор тавба кардам! Ҳой, номусулмон дар таги ин тоқӣ ғайр аз мўи мошубириҷ боз ягон чиз-миз ҳаст ё не?! Аз ин каллаи сабилмонда ягон вақт ягон гапи бомағз мебарояд ё не?! Э, вой-э...
    — Ана, ҳамин хел-дия! Мегум ки занак, гапи рост алам мекунад, дилу ҷигара сузунда, алову аланга гирунда, биҷҷӣ мекунад... О, ман гуфтам, ки фарз кардем, ҳамин хел шавад...
пешина
аз 80
навбатӣ