Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Раҳмат, хола! Саломат бошед!
— Шумо худатон аҳли фаҳму боз як гуфтам-дия, Ибодатхон. Мабодо ягон гапам нотўғрӣ бошад, ба дил нагиред, гардам. Хайр, ман рафтам.
Модарам Саъбабонуро бо тавозўъ гуселонида, аммо бо кароҳат, ғурғуркунон, қафо баргашт:
— Э, ақлак нашуда мур-е, Антена! Бача таваллуд нашуда, аллакай гаҳворабахш-а хоб дидааст-а... Ҳе мур-е, мунофиқ! О, ту гўӣ-нагўӣ духтари хоҳарам ҳаққи ҳалоли писарам-дия!
Аз байн як ҳафта гузашт. Вақте ки аз хоб бедор шудам, модарам аз танўр нон меканд. Баъди чойнўшӣ ошу чалпак пухта, ба додоям фармуд, ки аз магазин қанду курсии хелмахел биёрад.
— Якбора аз кор ҷавоб гиред, мардак!— фармуд вай.
— Чува? Ё мегум ки занак, меҳмонӣ мерем?
— Шумо қатӣ фақат ба қабристон меҳмонӣ меравем, мардак. Лекин ҳозир ба хонаи хоҳарам меравем.
— Дупула гап будааст-у... Барои ҳамин шуда, аз кор ҷавоб гирам? О, худат рафтан гир...
— Ҳой мардак! Ин қадар телба шуда, ба кадом гўру лаҳад меравед?
Ними гап аз даҳонам набаромадасту аспи қамчинхўрда барин пеш метозед. Мо ба хонаи хоҳарам бе ягон сабабу баҳона, ҳамту, меҳмонӣ намеравем! Рафта, Мўъминаро гаҳворабахш мекунем.
— О, гапа аз пушти кўҳи Қоф сар накарда, аз аввал ҳамина гуӣ намешавад? Тору пуди гапа худат рўдаи гов барин дароз мекашию боз ғур-ғуру ғуд-ғуд карда, гўши одама ба кумаш мебиёрӣ... Оъ... ҳамин гаҳворабахш чӣ даркор? Як пула гапу сад пула ғавғо...
— Ҳай-ҳай, астағфируллоҳ гўед, мардак. Ин гапу кор аз очаю бобоҳоямон мерос мондагӣ! Ин расму русуми аҷдодҳоямон...
— Ин қадар «авлод, аҷдод» гуфта, беҳуда талвоса накун! Мегум ки занак, ин кора одамҳои баақл фикр карда буровардагӣ не...
— Ба шумо, мардҳо монӣ, ҳамаи расму одати гузаштаҳоро хатою зарарнок мебароред. Пештар чӣ хел нағз буд, вақте ки кўдак таваллуд мешуд, падару модараш як зиёфати кори калон ороста, аҳли маҳалларо хабар мекарданд.

пешина
аз 80
навбатӣ