Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

— Хурсанд шав, бачаҷон! Фуката чухт кун! Фаҳмидӣ, холаат якта ниничаи нағзакак ёфтааст! Ин нинича духтарча будааст! Ин духтарча хушрўча будааст! Ин хушрўча ба ту занча мешудааст! Фаҳмидӣ, домодча? Канӣ, каллата бардор чӣ? О, нинича азони ту мешавад-а!
Рости гап, он лаҳза мани лабкашол чӣ будани «занча»-ю «домодча»-ро намедонистам. Лекин дар дил «нинича азони ман мешудааст!» гўён қанди хурўсак аз даст рафта бошад ҳам, гиряолуд табассум кардам...
Аз рафтани Ғафур ним нафас нагузашта, дарвозаамон бесадо кушода шуду кампираки кулўлаи миҷҷасафеде «Ҳеҷ кас ҳаст ё не» гўён дарун даромад. Вай Саъбабону ном дорад. Лекин аҳли маҳалла дар ғайбаш Антенабону мегўянд. Зеро ў аз ҳама гўр бохабар асту тамоми гапу кори навро якум шуда мефаҳмад. Яқин ки меҳмони нав ёфтани холаамро аллакай дониста, барои муборакбодӣ омадааст.
— Як хабари нағз шунидам, Ибодатхон, муборак шавад!—Саъбабону ба лаби кат амонатак нишаста, даст ба дуо бардошт:—Илоҳо, умри ин духтарча дароз, ризқаш васеъ, бахту толеаш нек шавад! Омин!
Ҳама баробар даст ба рўй молидем. Модарам дуқату сеқат шуда, миннатдорӣ баён кард ва давида аз хона кўрпачаи бахмал баровард. - Ташвиш накашед, Ибодатхон, вақтам танг, бафурҷа шишта наметавонам,—Саъбабону гапзанон саҳле аз ҷояш хесту баъд болои кўрпачаи навгустурда бароҳатакак чорзону нишаст ва боз ҷоғашро кушод.—Фақат ду даҳан гап дорам, Ибодатхон. Ҳамин шаб, ҳамсоя, хоҳ бовар кунед, хоҳ не, модари раҳматиатон — Иродахон ба хобам даромаданд. Он кас пешонаамро сила карда ба дастам сўзану риштаи сафед доданд. Лекин ягон калима гап назаданд. Пагоҳӣ ҳайрону гаранг аз хоб хеста, «Таъбири хоб чӣ бошад?» гўён расо мия об кардам. Баъд фаҳмам, Иҷозатхон духтар таваллуд карда будаанду мақсади модаратон қудо шудани ҳардуи шумо будааст...
— Ман ҳам дар ҳамин фикру хаёл будам...
— Ина бинед-а, ҳамсоя. Диламон, ки пок аст, ниятамон ҳамеша холис мебарояд. Чӣ нағз-а! Лекин, Ибодатхон, шумо арғамчина дароз напартофта, гармогарм аз паи кор шавед, гардам. Меҳмони нава даррав ба Риёзбек гаҳворабахш карда, даҳони мардума бандед, ҳамсоя! Агар лозим шавад, ман ба хизмат тайёр, гардам, аспи ман ҳамеша зин кардагӣ...

пешина
аз 80
навбатӣ