Гаҳворабахш

Боз гову гўсфанди бисёраш ҳаст. Лекин фарзандҳояш реза-резаи ноўҳдабаро. Занаш ҳам як муштипари касалманд. Худи Неъматов бошад, асло ба оби хунук даст намезанаду дар умраш ягон бор дост гирифта алафдаравӣ нарафтааст.
Лекин ему хошоки говҳояш доим изофа мемонад. Шумо чӣ гумон доред: ин фаровонӣ аз куҷост?
— Вай аз афташ, бо ему хошоки зархарид мол мепояд.
— Гумонатон хато, шери амак. Неъматови сахтчангол то ҳол бозори алафро надидаасту роҳашро намедонад...
— Пас, ягон кас ба ў ему алафро пора меорад?
— Қариб ёфтед, шери амак. Фақат «пора» нею «тўҳфа» гўед. Гап дар ин ҷо, ки занаш духтар зоидан ҳамон Неъматов кас фиристода, Баҳодурро ба хонааш меораду хуб обу зиефат медиҳад. Сонӣ оҳиста ба сари мақсад омада, мегўяд, ки «Мо духтарчадор шудем, ошно. Чӣ мешавад, ки ҳар дуямои кудо шавем». Баҳодур ин гапро шўхӣ пиндошта, мақсади Неъматовро дубора мепурсад. «Духтарчаи маро ба писарчаатон гаҳворабахш кунем, мегўям» ҷавоб мегардонад Неъматов, Он гоҳ аз шодӣ лаби Баҳодур ба баногўшаш мерасад. Вай қавли ҳамсўҳбаташро зари пок ҳисобида, паи хизмат камар мебандад, Мошин-мошин ему алаф меорад, рўзе ду маротиба таги пои молҳои қудошавандаашро хушк мекунад, ҳар сол аз нисф зиёди меваи боғу ҳосили картошкаашро ба ў мебахшад, об оварда, ҳезум мекафонад ва ҳатто, баъзан хонаю ҳавлиро ҳам мерўбад.
Вақте ки ҳабдаҳумин зимистон тамом мешавад, яъне аввали баҳори ҳамин сол, Баҳодур оҳиста аз хусуси тўй гап мекушояд. Неъматови кулоҳбарсар ханда бар лаб саду папҷоҳ сўм бароварда, ба дасти қудошавандаи тоқипушаш медиҳад ва бешармона мегўяд: «Ками ману пури ту, ошно Баҳодур. Ип пули ему алафу меваю картошкаи пўсидагиат. Дигар набиёию набиёрӣ ҳам мешавад. «Кабўтар бо кабўтар, зоғ бо зоғ», гуфтаапд. Дина духтарам Мавлудахонро ба як мухбири газета фотиҳа кардам»...
Ҳалқи Устоамон қоқ шуд магар, ки пиёлаи чаппагузоштаашро ба Азиз дароз карду муғамбирона тарафи ман нигарист ва гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё