Гаҳворабахш

Омииаи ятим дар байни чор девор яккаву танҳо монд. Акнун Эҳром ягона умеду орзу ва пушту паноҳӣ вай буд. Аммо ин бачаӣ гардантахтаи хунибинӣ дигар хел рафтор кард:
— Ба ман духтараки бедодою оча—ин мурғаки беболу пар тамоман даркор не! — бо итоб хитоб кард вай. — Аз ягон даргоҳи дурусти бою бадавлат ягон духтараки болу параш бутуни ба ман муносиб ёбед!
Падару модари домодшаванда, хешу табори ў ва мўйсафедони маҳалла ҳарчанд кўшиш карданд, Эҳроми якрав «Омина ҷуфти ман не, ба ягон ятим, кал ё кўр расад» гўён, аз қавлаш нагашт. Оминаи баномус ба ии бешарафӣ тоб оварда натавонист ва... худашро ба дарё партофт.
Мурдаи вайро аз поёни деҳа ёфтем. Рўзи дафни Оминаи ҷавонмарг ҳама фотиҳа хонданд, ки ҳеҷ кас ба ин хукгардан духтар намедиҳад...
Эҳром саланг-саланг гашт-гашту дар деҳа, ки ба мурод нарасид, бо сари хам ба шаҳр рафт. Пулу моли зиёде сарф карда, ким-кадом беваи бекасу кўйро ёфту шарман-давор, бе тўю сур, ба деҳа овард...
Бо таъсири ин ҳикоя даҳонам воз монду ҳам рўям ва ҳам гўшам мисли танўри пуроташ тафсид. «Болои сўхта намакоб» гуфтагӣ барин, аз хандаи чашмони бозигари Азизи шайтон худро торафт поҳинҷор ҳис мекардам. Барои ин ҳолати ногуворро андаке сабук кардаи бемадорона луқма партофтам:
— Дар замони пеш масъалаи гаҳворабашҳо чатоқ будааст-дия, амак.
Шукр, ҳозир ин хел не...
— Ҳозир ҳам масъала чатоқ, шерам! — Амон-амак лаби пиёларо ба кафи дасташ молида пок карду «чой бас!» гўён онро ба гўшаи дастархон парў гузошт ва ба ман рў овард:
— Наход аз қиссаи Баҳодур ва Неъматов хабар надошта бошед, Риёзбек?
Азбаски ин қиссаро намедонистам, бо аломати инкор калла ҷунбондам.
— Ин хел бошад, ман бафурҷа нақл кунаму шумо бодиққат гўш доред.
Баҳодур ман барин як мардаки чўтури бе лабу лаҳҷаи хоколуд аст. Дар колхоз говбонӣ мекунад. Неъматовро, албатта, мешинохтагистед. Ҳу, ҳамон начайлуки заводи тахта ҳайку, ҳар доим ба деҳа савори мошини давлатӣ меояд, ана, ҳамон Неъматов. Вай кабўтари дубома—ҳам дар шаҳру ҳам дар ин ҷо хонаю манзил дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё