Гаҳворабахш

— Онҳо аз дигар палаканду мо аз дигараш... Ёд дорӣ, дастат шикаста буд... Он вақт ман ҳеҷ чиз нагуфтам-ку!»
Рост, он вақт Мўъмина ягон ҳарфи беҷо ба забон наоварда буд. Вале оё ин нишонаи садоқати духтар аст? Ба фикри ман, на он қадар. Зеро, бино ба гуфтаи модарам, баъд аз гаҳворабахш духтар дар ду дуньё ҳаққу ҳуқуқ надорад, ки баръакси майлу иродаи мо амал кунад. «Ҳар чӣ мо хоҳем-ҳамон мешавад! — гуфта буд модарам. — Қоидаи гаҳворабахш ҳамин...»
Пас, маълум мешавад, ки Фарруху падараш ин қоидаро намедонистаанд. Зеро, агар хабар медоштапд— дигар хел рафтор мекарданд...
Ин хулосаро ба ҳозирон гўшрас кардам. — Гапат маъқул, Риёзбек, — чурғоти хобондаашро аз даҳон рехт Амон-амак. — Лекин дар ин қисса як тори нозук ҳаст. Гап дар ин ҷост, ки падари духтар ҳам аз ҷиҳати синну сол ва ҳам аз ҷиҳати пулу мол аз додараш як сару гардан болотар меистад. Ана, ҳамин чиз корро ба фоидаи ў ҳал кард. — Усто-амон ҷои нимсардшударо ҳурт кашида, суханашро бо оҳапги андаке шавқовар давом дод. — Гап, ки дар ҳамин мавзўъ кушода шуд, ман ҳам як қисса гуфтанӣ. Фақат шарте дорам: онро асло ба ҳеҷ кас нақл намекунед! — Падари Азиз озмоишкорона сўи маи назар афканд ва шояд дар чашмонам маънои ризоятро хонд, ки бо овози ширадор гапашро давом дод. — Сухан дар бораи ҳамсояамон Эҳром меравад. Падару модараш ба вай Оминаро гаҳворабахш карданд. Азбаски вай гули яккаву ягонаи оила буд, падару модараш домодро болои даст медоштаид. Рости гап, мо —бачаҳо ба Эҳром ҳасад мебурдем. Зеро вай доим либосҳои рангибаранги аз тарафи арўс тўҳфашударо бо карру фари зиёд пўшида, моро зирбондаю сўзонда, савлат карда мегашт.
Вақте ки Омина ба қад расид, гап-гапи тўӣ баромад. Лекин як ҳафта пеш аз сурфакушоӣ ногаҳон модари духтар вафот кард. Тўй як сол оқиб партофта шуд. Чун азои модар ба охир расиду хешовандон либоси мотамро кашида, сафед пўшиданд, ноомади корро бинед, ки падари духтар ҳам аз олам гузашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё