Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Рўзи ҳашар ҳафт-ҳашт нафар хешовандон дар сафедорзор ҷамъ омаданд. Онҳо ба танаи ин дарахтони қадбаланд арғамчин баста, бо ҳазору як эҳтиёт мекўчонданд. Фаррух низ ҳамроҳи онҳо буд: табарча дар даст шоху шиппаи дарахтони кўчидаро кал мекард. Ногаҳон фалокат аз теги табар баромаду Фаррух яку якбора чор ангушти дасташро карт бурид...
Баъди се моҳ ҷои табарбурида сиҳат ёфт ва аз нав пўст баровард. Хонаи нави дакаданг ҳам болопўш шуд. Он гоҳ падари Фаррух барои маслиҳати тўй назди додарқудояш омад.
— Ман ба одами якангушта духтар намедиҳам! — рўирост изҳор кард падари Дилбар. — Ба гузашта салавот, уко... Аз духтари мо умедатро кану ягон даргоҳи дигарро бин...
Падари Фаррух як замбар гўшт шуда, аз хонаи бародар бо қаҳру ситеза бадар рафт. Ним сол зиёдтар дар ба дари духтардорҳо гашта, ангуштари пою садқаю банда шуд, пулу моли зиёде ваъда кард. Лек кўшишу ҳаракати ў бенатиҷа анҷом ёфт. Ҳама, маслиҳат кардагӣ барин, бо як овоз ба ў чунин мегуфтанд:
— Аз аввал духтари моро назару писанд накарда, духтари акоятро болои сар бардоштӣ. Акнун, ки вай ба руи тую бачаат туф кард, ҳисобатро худат ёб...
Дилбар, бо иродаи падараш, ба дигар кас расид. Соҳиби шаш фарзанд, бисту чанд набераю абера гардид. Даврашро ронда, маззаю шарбати дунёро ҷаббида, порсол аз олам гузашт (илоҳо ҷояш ҷаннат шуда бошаду замип гапҳои маро хабар набарад, ки ман вай худораҳматия ғайбат не, сифат карда истодаам.) Лекин Фаррухи яккаангушт дар хонаи нав яккаю танҳо ва номуроду зору мустаманд монд ва муҷаррад ба он дуньё рафт...
Ҳикояти Саъбабону хомўшии риққатангезе ба амал овард. Беихтиёр чеҳраи Мўъмина пеши назарам омад ва бо ў хаёлан ҳамсўҳбат шудам.
«—Агар ин ҳодиса ба сари ман меомад, чӣ кор мекардӣ?
— Чӣ кор ҳам мекардам? — пичиррос зад Мўъмина. — Ба тақдир тан дода, хапу дам мешиштам. Охир, ту холабачаи ман астӣ!

  • Гапат дуруст. Лекин Дилбару Фаррух ҳам амакзода буданд.
пешина
аз 80
навбатӣ