Зеҳн
Гаҳворабахш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 80 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан
  • Фаҳмидед, Риёзбек? Гаҳворабахш нафақат дар гузашта, балки имрўз ҳам кори хатарнок аст!
    — Усто дуруст мегўянд, — ҷилваи сўҳбатро аз нав ба даст гирифт Саъбабону. — Дар ҳақиқат ҳоло ҳам гаҳворабахш қиссаи талх бисёр дорад: ҳамин тобистон боз як ҷуфти гаҳворабахш аз ҳам ҷудо шуд...
    — Ипаш кӣ будааст?
    — Рустами бачаи Қодир-раисро медонед?
    -Ҳа.
    Ана ҳамон қати духтари Очаҳанифа гаҳворабахш буданд. Дар арафаи тўй ногаҳон ба чашми чапи духтар хол омад. Рустам бо лаби лунҷи овезон аз арўсшаваидааш дасту дил шуста, корро хўрҷин карданӣ шуд ва ба ҳама шунавонда «Ман аз ҳафт пушти кўрдухтар безор»! гуфт.
    Вай инро ба гуфтан гуфту тоза ҳам дар бало монд. Чунки панҷ писари филпайкару говҷигари Очаҳанифа ба хонаи Қодир-раис омада, Рустамро зада-зада ниммурда карданду «Касе, ки аз қавлаш гардадномард аст ва устухони номард—гард-гард аст! — гуфтанд.— Агар бахти хоҳари мо сиёҳ шавад, рузи Қодир-раису бачааш дучанд сиёҳтар мешавад».
    Ҷанҷоли тарафайн то ҳол давом дорад. Ҳеҷ кас намедонад, ки оқибати кор бо чӣ меанҷомад...
    Дар хона боз як лаҳза сукути гарон ҳоким шуд. Дигаронро намедонам, аммо шахсан худам аз ин мавзўи нофорами беҳад рўдашуда хеле дилтанг гардида, илтиҷоомез суи Саъбабону нигаристам. Ин кампири аҳли фаҳм сўҳбатро ҳадаҳа гиреҳ баст.
    — Дар ин мавзўъ гап бас,—гуфт вай омирона. — Акнун, ба фикрам, Муллориёзбек фаҳмиданд, ки чаро мани кампираки намозхон гаҳвбрабахшро ин кадар шум мебинаму ба ин кор аз таҳти дил муқобил ҳастам?
    — Ҳа, оча, фаҳмидам...
    — Боракалло, Муллориёзбек! Фикри ман ҳамин, ки ҳозир вақти ии гапу корҳо не. Давр-даври дигар шудагӣ... Писару духтарҳои қадрасу баркамол якдигарашонро ҳуш карда гиранд, ҳазор бор беҳтар аст. ё гапам хато-мӣ?
    — Не, оча. Гапатон саду сад фоиз ҳақ. Лекин...
пешина
аз 80
навбатӣ