Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳамчунин узви Шӯрои нависандагон ё узви ҳайъати таҳририяи 12 маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва фарҳангии ватанӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад.
Дар моҳи сентябри соли 2023 Анҷумани ҷаҳонии Фалсафа дар назди созмони байналмилалии UNESCO ба Ҷаъфар Холмӯъминов унвони ифтихории “Шаҳрванди рӯйи Замин”-ро дод (CITIZEN of the EARTH / World Philosophical Forum, Socratic Philosophical shool. USE
– UNO (UNESCO) Global sitizenship fostering program.
September 15, 2023).
Ҷаъфар Холмӯъминов дар даҳҳо конференцияҳои илмии байналмилаливу ватанӣ бо мавзӯъҳои гуногун маърӯза кардааст. Ҳамчунин, дар соли 1999 як муддат дар Донишгоҳи тарбияти муаллими Теҳрон давраи омӯзиш ва таҳқиқотро гузаронидааст. Вай барандаи чандин ҷоизаи байналмилалии шеър дар Эрон ва Тоҷикистон, аз ҷумла, барандаи ҷоизаи дуввуми Озмуни байналмилалии шеъри “Дуои Модар” (Хуҷанд, 25 сентябри соли 2023) мебошад.
То имрӯз маҷмӯъаҳо ва китобҳои шеърии Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ бо номҳои “Чашми борон” (Тирмиз,1997), “Мижгони офтоб” (Душанбе, 1999), “Тулӯъи сабзи ранг” (Тошканд, 2003), “Таҷаллӣ” (Тошканд, 2008), “Ҳанӯз ишқ...” (Теҳрон, 2011), “Ошиқи ишқ” (Тошканд, 2011), “Ғизоли ғазал” (Тошканд, 2018) ва “Талхи ширин” (Теҳрон, 2024) ба забони форсии тоҷикӣ ба чоп расидаанд.
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ ба унвони шоири зуллисонайн низ чанд маҷмӯъаи ашъори ӯзбекии худро бо номҳои “Ҳайрати ойина” (“Кӯзгу ҳайрати”, Тошканд, 2010), “Сиришти офтоб” (“Қуёш сийрати”, Тошканд, 2015) ва “Таъми вақт” (“Вақт таъми”, Тошканд, 2018) тақдими дӯстдорони каломи бадеъ гардонидааст.
Ҳамчунин, намунаи ашъори Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ дар беш аз 50 гузинаи шеър ва китобҳои омӯзишӣ чун “Каҳкашони орзу” (Тошканд, 2000), “Боғи бисёрдарахт” (Теҳрон, 2004), “Аз Самарқанди чу қанд” (Теҳрон, 2005), «Шеъри модерни форсии Осиёи Марказӣ” (Лондон, 2006), “Адабиёти тоҷик” (синфи ХІ, Тошканд, 2005), “Донишномаи забон ва адабиёти форсии Ӯзбекистон: қарни бистум то кунун” (Теҳрон, 2006), “Гулистони адаб” (Тошканд, 2007), “Самарқанд дар шеъру адаби форсӣ” (Теҳрон, Муассисаи фарҳангии ЭКО, 2007), “Anthologie de la poesie d’Ouzbekistan.

пешина
аз 151
навбатӣ