Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТУ МЕМОНӢ
Як саҳар аз ин манзил меравам, ту мемонӣ,
70
Ҳаҷри чун ҳаҷар дар дил, меравам, ту мемонӣ.
Эй азизтар аз ҷон, як-дурӯзаам меҳмон,
З-ин ҷаҳони обу гил меравам, ту мемонӣ.
Ҳамдиле намебинам, фозиле намебинам,
Аз фазои ин маҳфил меравам, ту мемонӣ.
Заврақи умедамро хӯрдааст гирдобе,
Дилгарон аз ин соҳил меравам, ту мемонӣ.
Нури дидаи ҷонам, з-ин ҷиҳат парешонам,
К-инчунин гаҳи ҳосил меравам, ту мемонӣ.
Дил ба ту чунон бастам, к-аз диёри чашмонат,
Рафтанам басо мушкил... Меравам, ту мемонӣ.
Тошканд, 1 октябри соли 2016

Ҳаҷар – санг.
ҲАР ЧӢ ГУФТАМ...
Ишқ дар дил шӯълаи субҳи саодат будааст,
Ошиқӣ эҳсоси бахшишҳои қисмат будааст.
Лоиқ Шералӣ
Ҳар чӣ гуфтам, дон, ки аз боби муҳаббат будааст,
Қиссаҳои талхи арбоби муҳаббат будааст.
Ҳар чӣ хондам, “аън”-у “шин”-у “қоф” будасту тамом,
Ҳар чӣ дидам, ранҷи аҳбоби муҳаббат будааст.
Ман пас аз панҷоҳ соли умр донистам, ки худ
Офтоб ангеза аз тоби муҳаббат будааст.
Фикр манмоӣ, ки маҳ қодир бувад бар рӯшанӣ,
Шом ҳам равшан зи маҳтоби муҳаббат будааст.
Бахти мо бедор бо бедории чашмони ишқ,
Хоби бахти мо ҳам аз хоби муҳаббат будааст.
Ҳар чӣ бурдам дар дили худ, дард будасту фироқ,
Дарди ҳиҷрон ҳам зи одоби муҳаббат будааст.
Тошканд, 10 октябри соли 2016

пешина
аз 151
навбатӣ