Ақли бунафш

ФАҚАТ БАРОИ ТУ НЕ...
На салом медонӣ, на калом медонӣ.
Чу на ину он, пас, гӯ: ту кадом медонӣ?
На Раҳим медонӣ, на раҷим медонӣ,
На ҳалол медонӣ, на ҳаром медонӣ.
На ба мубтадӣ монӣ, на зи мунтаҳиёнӣ,
Сари қисса нашнида ту давом медонӣ?
Зи чӣ лоф мехоӣ, чӣ газоф мехоӣ,
67
Ки ту лубби матлабро ба тамом медонӣ.
Ту чу мурғи саҳроӣ сари дона меоӣ,
Паси дона сайёде зада дом, медонӣ?
Ту, ки меравӣ ҳоло зи фуруд бар боло,
Саду як хатар дорад лаби бом, медонӣ?
Тошканд, 14 апрели соли 2016
Лубби матлаб – асли мақсад.
МАКУШ ВАРО
Ойина об шуд, ба таҷаммул макуш варо,
68 Макшой банди мӯ, ба тасалсул макуш варо.
Сарв аз хаёли қомати ту қадхамида аст,
69 Инсофу адл кун, ба таъодул макуш варо.
Дилро ғизоли чашми ту саҳронавард кард,
Абрӯкамони ман, ба тағаззул макуш варо.
Мансурвор мезанад ин қалб бонги Ҳақ,
Эй ёр, чун Ҷунайд ту бо гул макуш варо.
Чингизинисбаӣ, ки тараҳҳум намекунӣ?
Аз Чоч то ба хиттаи Омул макуш варо!
Дар Карбалои ишқ нишастаст Ҷаъфаре,
Эй куфркеши ман, ба тағофул макуш варо.
Тошканд, 20 августи соли 2016
68
Тасалсул – силсила.
Таъодул – баробарӣ, адолат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё