Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ҒАЗАЛИ ЗУҚОФИЯТАЙН
63 Бе ишқ санг санъати мармар шудан надошт, Дар батни баҳр қимати гавҳар шудан надошт.

Ҳайрат асири чеҳраи ойинае набуд,
Зар зеби дасти тоқати заргар шудан надошт.

В-ар дасти заргар ишқнавозӣ наменамуд,
Ҳар симу ганҷ зинати зевар шудан надошт.

Ангури кимиёсафари шаҳри тори хум,
Маснаднишини сирати соғар шудан надошт.

Ҳайрат калиди қуфли каломи мухайял аст,
Бе ишқ лек сарвати сарвар шудан надошт.

В-он лаъли бебадили Бадахшон, азизи ман,
64 Дар қалби кӯҳ ғайрати аҳмар шудан надошт.

Маъно кароматофари фарзонае набуд,
65 Бе фарри ӯ маҳорати меҳтар шудан надошт.

Бе нафхаҳои ишқи ҷаҳонсӯзи ҷонгудоз,
66 Инсон ба даҳр қудрати мазҳар шудан надошт.

Бе накҳати сафеду нафиси муҳаббате,
Мушки татор ҳиммати анбар шудан надошт.

Бебаҳра буд агар дили камзарфи ман зи ишқ,
Ҳатто ба хоб ҷуръати Ҷаъфар шудан надошт.

Тошканд, 18 феврали соли 2016

63
Ин ғазал дорои санъати зуқофиятайн аст.
64
Аҳмар – сурх.
65
Меҳтар – бузург, бузургтар.
Мазҳар – зуҳургоҳ, маҳалли зуҳур.

пешина
аз 151
навбатӣ