Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ФИРОҚИ ФУРӮЗОН

Эй шамъ, бар фироқи фурӯзон хуш омадӣ,
Бар ҳуҷраи иҷораи ҳиҷрон хуш омадӣ!

Дурри ғариб дар дили дарёт даргирифт,
Бар даргирифтагии дурахшон хуш омадӣ!

57
Борандагист ҳирфаи чашми туву дилам,
Боре бари барандаи борон хуш омадӣ!

Байтест дар дилам, ки диҳад нур дидаро,
Эй нури дида, бар дили Канъон хуш омадӣ!

58
Дар куштанат ҳаёти маро сад ҳаёт ҳаст,
Эй дард, баҳри куштани дармон хуш омадӣ!

Рӯшан шудиву назми ду абрӯш дил бибурд,
Эй байт, бар талиъаи девон хуш омадӣ!

Тошканд, 20 январи соли 2016

57 Ҳирфа – касб, пеша.
58 Ишора ба: Уқтулунӣ, уқтулунӣ, ё сиқот, Инна фӣ қатли ҳаётан фӣ ҳаёт (Мавлавӣ)
НА ҲАР...

5960 На ҳар фараснишастае зи афсарӣ дарак диҳад,
61 На ҳар кулоҳкаҷниҳода аз сарӣ дарак диҳад.

На ҳар шикастаҷом ринд гардаду ҷаҳонфурӯз,
На ҳар даридаҷома аз қаландарӣ дарак диҳад.

На ҳар каминнишастаро ба қайд сайд қисмат аст,
На ҳар камонбадаст аз камонгарӣ дарак диҳад.

На ҳар дағалсаро ғазалсарои ин саро бувад,
На ҳар гулӯдарӣ зи шеваи дарӣ дарак диҳад.

На ҳар нидокунанда бар салот хонаду савоб,
На ҳар кӣ роҳ меравад, зи раҳбарӣ дарак диҳад.

На ҳар кӣ холу хат кашад, ҷамила аст беназир,
На ҳар кӣ ишва мекунад, зи дилбарӣ дарак диҳад.

На ҳар сафеда аз садаф нишонае диҳад ба мо,
62 На ҳар алаф зи атру бӯйи Ҷаъфарӣ дарак диҳад.

Тошканд, 18 феврали соли 2016

59
Фараснишаста – савора, аспсавор.
60
Афсарӣ – офитсерӣ, сипаҳсолорӣ.
61
Сарӣ – сарварӣ, раҳбарӣ.
Ҷаъфарӣ – номи навъе аз гулҳои хушбӯ.

пешина
аз 151
навбатӣ