Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ЯК САҲАР...
Як саҳар сар бар сари зонуи ту монам, равам,
Охирин бор аз лабонат бӯса бистонам, равам.
Дил канам аз аҳли дунёи дилозору палид,
Даст бар зулфи парешони ту афшонам, равам.
Ашк резам бесадову тар шавад рӯйи гулат,
Абри ғамро аз фазои дил биборонам, равам.
Мизбоно, обу донатро чашидам, кун ҳалол,
Иззатам бигзашт, чун серӯза меҳмонам, равам.
Бо ғами чилсолаи ишқи ту хӯ бигрифтаам,
Ончунон, к-аз кӯйи он ҳаргиз набитвонам равам.
Сар фароғӯшам биёр, эй сангдил, бар гӯши ту,
Шеъри Ҷаъфарро ҳазину хаста бархонам, равам.
Тошканд, 11 октябри соли 2016
МУҶАЛЛО НАМЕШАВЕМ
Хилватгузидаем, ки пайдо намешавем,
Дирӯзмондаем, ки фардо намешавем.
Умрест дар маҳутаи худ тоб мехурем,
Аз чашмаҳо дамида ба дарё намешавем.
Ойинаҳои хонаи моро шикастаанд,
З-ин рӯ ба ҳеҷ ваҷҳ муҷалло намешавем.
Соҳилнишастагист каромоти шуғли мо,
Ғарқида киштием, ки боло намешавем.
Азбаски гӯши аҳли ҷаҳон пунба хӯрдааст,
Бо ваъз вазъсоз ба дунё намешавем.
Киштии Нӯҳ баҳри халосии қавми ӯст,
Бегонаем, дар бағалаш ҷо намешавем.
Ворид ба ин сарои муҷаллал ба ифтихор
Аз чист, ҳар кӣ мешаваду мо намешавем?!
Гар баҳрае зи таҷрибаи рӯзгор нест,
Ҷаъфар, ба дарси мадраса доно намешавем.
Тошканд, 20 майи соли 2017

пешина
аз 151
навбатӣ