Ақли бунафш

ФИРОР КАРДАМ
Аз ёри дағал фирор кардам,
Аз шӯру мағал фирор кардам.
Хурсанд шавед, к-эй рақибон,
Аз ҷаҳду ҷадал фирор кардам.
Заҳр аст аз ин ба баъд нӯшам,
Аз қанду асал фирор кардам.
Безор шудам зи кизби дунё,
Аз макру ҳиял фирор кардам.
Аз шеъру шуъур дил гусастам,
Аз ҳукми азал фирор кардам.
71
Аз дашти ҳазаҷ кашида поро,
72
Аз баҳри рамал фирор кардам.
Эй маҷмаъи дӯстони нонӣ,
Аз ҷамъи халал фирор кардам!
Аз кулли зарар шудам гурезон,
Аз кулли зилал фирор кардам.
Бар давлати ишқи Ӯ расидам,
73
Аз ҷанги дувал фирор кардам.
Чун ғайри малол бор н-овард,
74
Аз баҳси милал фирор кардам.
Тан дод ба танбалӣ чу Ҷаъфар,
75
Аз қавми касал фирор кардам.
Тошканд, 12 июни соли 2017
71
Ҳазаҷ – аввалин баҳр дар вазни арӯз.
72
Рамал – дуввумин баҳр дар вазни арӯз.
73
Дувал – давлатҳо.
74
Милал – миллатҳо.
Касал – танбал.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё