Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МУШОҲИДА

Эй азизи дил, бодо хушкдаштҳо боғат,
Ҳеҷ гаҳ набинам ман ранҷу ғуссаву доғат.

76
Боғбон, пинак рафтӣ, пир гаштаӣ шояд,
Кағ-кағи калоғ омад аз қабурғаи боғат.

Ток, ин қадар боло рушд мекунӣ, афсӯс,
Кӯтаҳ аст дастонам, оқибат хурад зоғат.

Зоғ, мепарӣ бехуд дар фазои рӯҳи ман,
Ман ба булбулам мухлис, не ба бонги кағ-коғат.

77
Баччаи пишак аз ту шергиртар бошад,
Эй хурӯси ҷанговар, хайр нест ҷағ-ҷоғат.
Тошканд, 14 сентябри соли 2017

76
Пинак – ғанаб, хоби лаҳзаина.
Пишак – гурба.
ШИША ДАР БАҒАЛ ДОРАМ
Маънии баланди ман табъи тунд мехоҳад,
Фаҳми шеърам осон нест, кӯҳаму кутал дорам.
Бедил
Дар билоди панҷоҳам, з-ин ҷиҳат ҷадал дорам,
Аз маъонии Бедил ҳаззи бебадал дорам.
Шармсору маҷрӯҳам аз таноқузи фикрат,
Дар мамолики ботин шӯриши милал дорам.
Дар кафи ҷабини ман коинот мегунҷад,
Толеъи баланд, аммо наҳс чун Зуҳал дорам.
Ном нест аврангам, чунки чокари нангам,
Ин қадар мазан сангам: шиша дар бағал дорам!
Шарҳа-шарҳа шӯрамро то ба халқ созам шарҳ,
78
Шаҳрҷӯяму аммо рӯй бар ҷабал дорам.
Ишқи хешро бар ман баъд аз ин макун таҳмил,
Захмгин зи ҳиҷронҳо як дили касал дорам.
Эй нигори бозорӣ, чӣ тамаъ зи ман дорӣ?
Ман фақат барои ту як сабад масал дорам.
Ман чӣ дорам, эй Ҷаъфар, аз шукӯҳу карру фарр?
Дар қаламрави дафтар як бағал ғазал дорам!
Тошканд, 17 сентябри соли 2017

Ҷабал – кӯҳ, кӯҳсор.

пешина
аз 151
навбатӣ