Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

СӮЙИ БЕСӮЙИИ СӮ
79 Ишқ агар аз чашмҳо мастур нест, Ҳеҷ гаҳ дар чашми мо манзур нест.

Ошиқон бар васл восил гаштаанд,
Лаҳзаҳои васли мо ҳам дур нест.

Чашматон ку, ой, қавми сангдил:
80 Дор ҳасту ҳалқааш... Мансур нест.

Дар дили ман ишқ мастӣ мекунад,
Бодаи ман аз дили ангур нест.

Аз дили ман метаровад лаҳну савт,
Ин садоҳои найу танбӯр нест.

Ман ба бесӯйии сӯ ошиқ шудам,
Сӯйи бесӯйии сӯ ҷуз нур нест.

То таҷаллии ҷамолат дар дил аст,
81 Ҷаъфари моро хаёли Тур нест.

Тошканд, 27 ноябри соли 2017

79 Мастур набудан – пинҳон набудан; дар сатр набудан.
80 Ишора ба қиссаи ба дор кашида шудани Мансури Ҳаллоҷ, ки мардум дар лаҳазоти вопасини умраш бо санг мезаданд.. Ва мегӯянд, ки вақте, ки ба дор кашиданд, Мансур набуд.
81 Тур – манзур кӯҳи Тур, ки розгоҳи Ҳазрати Мусо (а) бо Худо буд ва аз таҷаллии ламъае аз ҷамоли Илоҳӣ пора-пора шуд.

пешина
аз 151
навбатӣ