Ақли бунафш

ИЛТИҶО
Ёраб, ба ғариби худ карам кун,
Дур аз ғаму ғуссаву алам кун!
Ё ишқи маро дар ӯ биафзой,
Ё ишқи варо зи ман-т кам кун!
Ё реша давон ба қалби қалбаш,
Ё решакан аз дили дилам кун!
Ё қалби варо ба ман бипайванд,
Ё қалби маро қалам-қалам кун!
Ё бо сари ӯ сарам биосой,
Ё судаи санг бар сарам кун.
82
Ё ҷоми фироқро биишкан,
Ё масти ҷамоли Ҷоми Ҷам кун.
Ё аз лаби ӯ ба ман шакар деҳ,
Ё заҳри фироқ бар лабам кун.
Ё қадри варо бикоҳ наздам,
Ё қадри маро баро-ш зам кун.
Тошканд, 28 ноябри соли 2017
Биишкан – бишикан.
ХАСТА ШУДАМ
Ман аз ин шӯру мағал хаста шудам,
Ман аз ин дӯғу дағал хаста шудам.
Ман аз ин ишқ, ки пуч асту дурӯғ,
Ба Худованди азал, хаста шудам.
Бар рагу решаи худ теша зананд,
Ман аз ин қавми касал хаста шудам.
Шоиронаш ҳама фарзанди ҳасад,
Аз шаби шеъру ғазал хаста шудам.
Зарби амсол, ки беҳосила аст,
Бас кун, аз ҳарби масал хаста шудам.
Чангашон чанги малол афшонад,
Ман аз ин ҷанги милал хаста шудам.
Каҷравӣ одати поям шудааст,
Аз хаму печи ҷабал хаста шудам.
Халқ агар хастадил аз оқибатанд,
83
Ман зи ҳастии илал хаста шудам.
Шиква жӯлидасаре дошт зи мӯ,
Назди ман, к-аз сари кал хаста шудам.
Аз хаёлам пари як пашша гузашт,
Оҳ, аз ин хайли халал хаста шудам.
Илал – нуқсонҳо; сабабҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё