Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Толеъе доштаму он ҳам наҳс,
Ман зи анҳоси Зуҳал хаста шудам.
Омаду гуфт, ки: Ҷаъфар, ту бизӣ!
Ман зи бозии аҷал хаста шудам.
Тошканд, 29 ноябри соли 2017
ПАДРУД
Ба ёди неки бародари азизам Абдусаттори Ҳасан Шамс тобид бар дарам, падруд, Хонд бар хеш Доварам, падруд!
Ман туро ишқи дилшикан, ҷовид, Дар дили хеш мебарам, падруд!
Бисупорам туро ба Яздони пок, Пас, раҳи ҳаҷр биспарам, падруд!
Мӯй кандан чӣ дорад акнун суд,
84 Мӯяҳо баъд аз сарам? Падруд!
Ҷурмҳоям агар набахшидӣ, Ҷурмҳоят ба ҷон харам, падруд!
Мисли кӯдак намой парпечам, Бар лифофе муъаттарам, падруд!
Бинамо доғҳои қалбамро Нақш бар лавҳи мармарам, падруд!
Омадам дар ҳазорае як бор, То ҳазораи дигарам падруд!
Қоматат дар қиёматам бинмо, Ёр, то рӯзи маҳшарам, падруд!
Доданӣ буд Хизрам Оби ҳаёт,
85 Гуфтамаш: Ман, ки Ҷаъфарам, падруд!
Тошканд, 29 ноябри соли 2017
84 Мӯя – нола, гиря, зорӣ.
Яке аз маъноҳои “Ҷаъфар” “дарё” аст.

пешина
аз 151
навбатӣ