Зеҳн
Ақли бунафш

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 151 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ХОҲӢ КУШО, ХОҲӢ БУБАНД!
Дарро ба рӯям, эй парӣ, хоҳӣ кушо, хоҳӣ бубанд,
Дарвозаҳои дилбарӣ хоҳӣ кушо, хоҳӣ бубанд!
Лахти дилам дар мушти ту, ҷон баста дар ангушти ту,
Эй соҳиби ангуштарӣ, хоҳӣ кушо, хоҳӣ бубанд!
Ин бандаи вобастаро, ин уқдаҳои бастаро
Бо шеваи ҷодугарӣ хоҳӣ кушо, хоҳӣ бубанд!
Роҳи маро аз шаш ҷиҳат, сад бор ё сесад карат,
Эй рашки Моҳу Муштарӣ, хоҳӣ кушо, хоҳӣ бубанд!
Ин мушкили печидаро, шайдонигоҳ ин дидаро
Бо адлу доди доварӣ хоҳӣ кушо, хоҳӣ бубанд!
Табъи димоғозурдаро, қалби зи дард афсурдаро,
Бо атру бӯйи Ҷаъфарӣ хоҳӣ кушо, хоҳӣ бубанд!
Тошканд, 30 ноябри соли 2017
ШИГИФТ
Шеъри манро, ки ман намехонам,
Пас кӣ хонад? Худам намедонам!
Дар дилам аз чӣ шеър мерӯяд?
Ман, ки аз шоирӣ гурезонам.
Омадан чун набуд дар дастам,
Рафтанам низ нест, медонам.
Байни мову ту ин нифоқ аз чист?
Ту на девӣ, на ман Сулаймонам.
Ҳар чӣ ҷустам савоб, ҷурме шуд,
Ҷурм гаҳ шуд савоб, ҳайронам!
Ошам ин бор ҳам санге пухт,
Оҳ, дандонам, оҳ, дандонам!
Ман забони туро намедонам,
Гарчӣ як Ҷаъфари забондонам.
Тошканд, 1 декабри соли 2017

пешина
аз 151
навбатӣ