Ақли бунафш

НАБУДАН
Дӯш дар чашми масти худ рафтам,
То ба умқи шикасти худ рафтам.
Хонақоҳро гузашта то масҷид,
Бо дили майпарасти худ рафтам.
Маст будам, ба разми Аҳриман,
Бо ҳамин қадду басти худ рафтам.
Як ту танҳо нарафтаӣ аз даст,
Ман худам ҳам зи дасти худ рафтам.
Мухлисонам, шумо намедонед,
Ман чаро аз нишасти худ рафтам?
Будани ман набудание буд,
Нест будам, ба ҳасти худ рафтам...
Тошканд, 1 декабри соли 2017
БАҲОРИ БЕГУЛ
Як баҳори пургулро бе ту ман ба сар бурдам,
Рӯзгори булбулро бе ту ман ба сар бурдам.
Бе ту комронӣ рафт, ҳусни навҷавонӣ рафт,
Нузҳати таҷаммулро бе ту ман ба сар бурдам.
Аз дилам таҳаммул рафт, аз сарам тааммул рафт,
Суннату таъомулро бе ту ман ба сар бурдам.
Нашъаҳои ҳайратро, нафхаҳои фикратро,
Давраи такомулро бе ту ман ба сар бурдам.
Эй дурӯғи беҳамто, эй фиреби рӯҳафзо,
86
Фурсати таҳассулро бе ту ман ба сар бурдам.
Хондаму нахондандам, мондаму намондандам,
Лаззати тағаззулро бе ту ман ба сар бурдам...
Тошканд, 15 декабри соли 2017
Таҳассул – ҳосил кардан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё