Ақли бунафш

ИДОМАИ ҒАЗАЛ
...Ва дили ғариби худро ба Ту месупорам, эй Ишқ,
Ки ба ғайри ту ҳабибе ба ҷаҳон кӣ дорам, эй Ишқ?
...Ва шукӯҳи бевафоро, ва ғурури бебақоро,
Нашикастаам, ба назди Ту гуноҳкорам, эй Ишқ!
...Ва паноҳи равшани Ту бувад орзӯи ҷонам,
Ки аз ин ҷаҳони зулмат ҳама дилфигорам, эй Ишқ!
...Ва агар ҳузури гармат надиҳад ба дил ҳарорат,
Ба Сибири бесабурӣ ҳама дам дучорам, эй Ишқ!
...Ва ба исми бас шарифат, ва ба ҷисми бас латифат,
Қасамо, ки месупорам ҳама ихтиёрам, эй Ишқ!
...Ва кунун паноҳи сабзат, ки паноҳгоҳи ман гашт,
Ҳама сабзтар зи боғам, ҳама рангу борам, эй Ишқ!
...Ва диле дигар надорам, ки ба дасти Ту супорам,
Чӣ кунам, зи ихтиёрам ҳама рафта корам, эй Ишқ!
...Ва дили ғариби худро ба Ту месупорам, эй Ишқ...
...Ва идомаи ғазалро ба Ту мегузорам, эй Ишқ...
Тошканд, 6 октябри соли 2015

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё