Ақли бунафш

РАҲОВАРДИ РАҲОӢ
42 ...Гар аз ин кавири ваҳшат ба инояташ гурезам, Ба саломат ар барам ҷон, ба саломи субҳ хезам.
Чу саломи субҳ ҷӯям, сару дасту рӯ бишӯям,
Ва сано, санош гӯям, ва дуъо, дуъош резам.
Ба насим гул фишонам, ба сабо фасона хонам,
Сари бому ошёнам ҳама атру мушк безам.
Ба садо сапедадамро бикашам зи хоби ғафлат,
43 Ва ба деву дад битозам, ба ҳариманон ситезам.
Ғазалам чӣ нашъа дорад ба қиболи шеъри ҳастӣ,
Ба қиболи шамси ховар чӣ бувад чароғи мизам?
...Ва аз ин кавири ваҳшат ба саломат ар барам ҷон,
Ба дуруди шамс хезам, ба рухаш сано бирезам.
Тошканд, 7 октябри соли 2015
42
Кавир – биёбон.
Ҳариманон – аҳриманон.
НОМУ НИШОНАИ МО
Эй Дӯст, бигзарӣ гар рӯзе ба хонаи мо,
Гул мекунад муҳаббат дар остонаи мо.
Гӯӣ, ки ҷовидонӣ бо лутфи Ҳақ намуда,
Мурғи ҳумо нишеман дар ошёнаи мо.
Парвардигори ҳастӣ моро сиришта аз Ишқ,
Таъми муҳаббат ояд аз обу донаи мо.
Бе ишқ ҳастии мо аз нестӣ нишонест,
Аз Ишқ ҷӯ, биҷӯӣ, ному нишонаи мо.
Пирӣ зи мо гурезад, зеро ҳамеша резад, 4445 Сад мужда аз ҷавонӣ ҷунги ҷавонаи мо.
Эй аз хазина маҳрум, о, гар кам аз зарат ҳаст,
Пур гашта аз муҳаббат, Ҷаъфар, хизонаи мо.
Тошканд, 10 октябри соли 2015
44
Ҷунг – баёз, маҷмӯъаи шеър.
Ҷавона – муғча.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё