Ақли бунафш

ХАЁЛИ РАҲЗАН
Ту хаёли рӯйи худро магузор беназорат,
Ки мабод, роҳ ёбад ба дилам барои ғорат!
Чӣ кунам, ҳунар надорам, ки зи ёди ту гурезам,
Чӣ кунам, ки рафта аз ман ҳама санъату маҳорат.
Агар аз хаёли рӯят бирасад ба дида осеб,
Ту хаёли чашми худро бифирист бар хисорат.
Ту хаёли рӯйи худро, ки ба раҳзанист мумтоз,
Мафирист, ақлу ҳушам нафитода дар асорат.
На, на, раҳзанӣ набошад сафари хаёли рӯят,
Ки расида бо иродат ба дилам чу бар зиёрат...
Тошканд, 10 ноябри соли 2015
НА ҲАМА...
Ҳама санг дар кӯҳ хоро набошад,
Ҳама шаҳри олам Бухоро набошад.
Аҷамро ҳама ҷом ҳамрози Ҷам нест,
46
Ҳама мунъими даҳр Доро набошад.
Ҳама лаъли майгун на лӯълӯи ноб аст,
Зи ҳар хум чашидан гуворо набошад.
Зи ҳар нофа накҳат нарезад муъаттар,
Ба ҳар туррае мушки соро набошад.
На ҳар бонг рамз аз салоту наҷот аст,
Ҳама ваъзхон маҳфилоро набошад.
Диламро чӣ додӣ, ало, ёри айёр,
Ки ҷуз ишқ позаҳр коро набошад.
Диламро мусалмонситезист мазҳаб,
Ки дар кеши габру насоро набошад.
Ба аҳли риё бод пайғом: Ҷаъфар
Тарафдори сулҳу мадоро набошад!
Тошканд, 12 декабри соли 2015
Мунъим – соҳиби неъмат, доро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё